Духтари Назарбоев сарватмандтарин шаҳрванди қаззоқ

Динара Кулибаева духтари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, сарватмандтарин қаззоқи дунё муаррифӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Форс, Динара Кулибаева духтари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки соҳиби бузургтарин банки ин кишвар аст, сарватмандтарин қаззоқи дунё муаррифӣ шудааст. Бар асоси иттилооти маҷалла Форбес дороиҳои Динара ва шаҳвараш Тимур Кулибоев, тайи сол гузашта ба 2.2 миллиард доллар афзоиш ёфт. Ҳамчунин дар феҳристи Форбес 5 шаҳрванди дигари Қазоқистон қарор доранд. Соли гузашта Пулот Атамуродов мушовири собиқи Назарбоев ба унвони сарватмандтарин қаззоқ шинохта шуд, аммо имсол дар ин рутба Динара ва Тимур Кулибоев ҳузур доранд. Дар ҳоли ҳозир Динара ва Тимур Кулибоев беш аз 6.4 миллиард доллар сарват доранд. Кулибоев аз тариқи ширкати “АЛМИКС” банки мардуми Қазоқистонро ҳидоят мекунанд. Илова бар ин Кулибоев раиси анҷуман тоҷирони Қазоқистон ва раиси «Газ энергия» анҷумани ширкатҳои истихроҷи нефт ва газ, раиси кумита милли олимпӣ, узви шӯрои мудирони Газпроми ширкат рус ва раиси федератсияи бокси Қазоқистон аст.Манбаъ: Форснюз

general.images