Доштани ришу ҳиҷоб ба варзишгарони тоҷик қонунан манъ шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сиёсати Исломситезӣ ва зидди диниаш, ин бор манъи доштани ришу ҳиҷоб ба варзишгарони тоҷикро қонун кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сиёсати Исломситезӣ ва зидди диниаш, ки бо ҳамаи шаоири Илоҳӣ душманӣ карда, манъ кард, ин бор манъи доштани ришу ҳиҷоб ба варзишгарони тоҷикро қонун кард. Ин қонун рӯзи 10-уми август дар нашрияи расмии “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр шуд.Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон зоҳиран риш ва ҳиҷобро монеи рушду шукуфоии кишвар медонанд, ва шояд ба ҳамин хотир аст, ки алайҳи он муборизаи сахт мебаранд. Онҳо хиёл мекунанд, ки ақибмондагии Тоҷикистон дар ришу ҳиҷоб аст, ғофил аз инки ақибмондагии Тоҷикистон дар пастӣ ва белаёқатии Эмомалӣ Раҳмон ва хешовандони бесаводаш, ки ҳама вазиру шаҳрдору бонкдоранд, мебошад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, варзишгарони тоҷик аз ҳаққи доштани риши баланду пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсарӣ маҳрум шуданд. Бар асоси Кодекси одоби варзишгарони тоҷик, ки моҳи июл аз тарафи Кумитаи ҷавонон тасдиқ ва рӯзи 10-уми август дар нашрияи расмии "Ҷавонони Тоҷикистон" нашр шуд, варзишгарон бояд "ба симои зоҳирии худ, аз ҷумла, ботартиб будани мӯйи сар ва риш диққати махсус диҳанд".Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images

Доштани ришу ҳиҷоб ба варзишгарони тоҷик қонунан манъ шуд