Дортмунд метавонад рамзи ваҳдати оппозисион бошад / #Иттиҳод_барои_пешрафт

Ҳамоиши Дортмунд, ки 15-уми июли соли равон дуввумин даври баргузории он мебошад, метавонад рамзи пирӯзӣ барио оппозисиони тоҷик бошад, ба шарте, ки бародарони мухолифи режими диктаторӣ бар ин масъала, ки ҳама бар он иштирок доранд ҷамъ шаванд ва он, тағйири вазъи мавҷуд ва норозӣ будан аз режими Раҳмон аст.

Ҳамоиши Дортмунд, ки 15-уми июли соли равон дуввумин даври баргузории он мебошад, метавонад рамзи пирӯзӣ барио оппозисиони тоҷик бошад, ба шарте, ки бародарони мухолифи режими диктаторӣ бар ин масъала, ки ҳама бар он иштирок доранд ҷамъ шаванд ва он, тағйири вазъи мавҷуд ва норозӣ будан аз режими Раҳмон аст.Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи мавҷуд ва пешравии оппозисиони тоҷик, раво нест ихтилофоти ҷузъӣ мухолифонро аз ҳадафи аслӣ дур намояд. Мо бояд дар айни ҳоле, ки бо якдигар ихтилофи назар дорем ва тафаккуроти гуногуне дорем бо якдигар ваҳдат ва иттиҳод дошта бошем. Ҳамон масали зебо ба ёд меояд, ки мегуфт: “ЯК ДАСТ САДО НАДОРАД!”Аз тамомии гурӯҳҳои ба унвони як узви кӯчаки онҳо дархост мешавад ба ҷунбиши #Иттиҳод_барои_пешрафт бипайвандед ва мутмаъин бошед, ки ваҳдат дар баъзе вақтҳо боис намешавад аз усули худ ақибнишинӣ кунем.Фориғ аз ҲНИТ ё Гурӯҳи 24 ё АОТ ва дигар гурӯҳҳо, мо як ҳадаф дорем ва он низ беҳтар кардани вазъи мавҷуд дар Тоҷикистон аст ва ин муҳим бидуни ҷамъомад ва ваҳдати оппозисион муҳаққақ намешавад.Намегӯям ба ИНОТ-2 ё ягон иттиҳоди дигар фикр кунед ё дигар иттиҳод ташкил кунед, фақат гапи ман ин аст, ки дар муқобили душмани муштарак як бошем. Душман вақте хушҳол мешавад, ки моро МАН бибинад вале вақте моро МО дид, дигар коре аз дасти ӯ намеояд.Пас биёед ҳама МО шавем.#Иттиҳод_барои_пешрафтАбдуллоҳи Ванҷӣ

general.images