Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф аз пазириши духтарон худдори мекунад

Масъулини Донишкадаи исломӣ сабаби ин тасмимро дар мушкили духтарони хатмкардаи ин муассиса дар пайдо кардани ҷои кор мегӯянд, вале нозирони умур мӯътақиданд, ки мушкил хеле амиқтар аз ин аст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба эҳтимоли зиёд баъд аз чаҳор соли дигар, сирф як муассисаи писарона мешавад. Дар соли таҳсили нав ба ин донишкада ягон духтар дохил нашуд. Масъулини ин муассисаи таълимӣ сабаби ин тасмимро дар мушкили духтарони хатмкардаи ин муассиса дар пайдо кардани ҷои кор мегӯянд, вале нозирони умур мӯътақиданд, ки мушкил хеле амиқтар аз ин аст.Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон 24-уми октябр гуфт, дидгоҳи насли ҷавон дар кишвар тағйир кардааст ва онҳо бештар дар зиндагӣ мустақилияти молиявӣ ва иқтисодии худро фикр мекунанд. Раиси танҳо муассисаи олии исломӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки таваҷҷӯҳи духтарҳо барои таҳсил дар ин ришта хеле коҳиш ёфтааст, чун онҳо наметавонанд бо дипломи худ ҷойи кор пайдо кунанд.Вай гуфт: "Ҳоло духтарон бештар ба касбҳои омӯзгориву табибӣ шавқ доранд ва мехоҳанд дар ин риштаҳо таҳсил кунанд". Ба ин далел ҳам дар як соли ахир даҳҳо донишҷӯдухтар аз ин муассиса ба донишгоҳҳои олии дигар барои касбомӯзӣ гузаштанд.Раиси донишгоҳ гуфт, ҳоло дар ин донишкада бештар аз 250 духтар дар курсҳои болоӣ таҳсили худро идома медиҳанд. Ҳамзамон раҳбарияти донишкада сару садоҳо дар бораи манъ шудани таҳсили духтарон дар ин муассисаи таълимиро комилан рад мекунанд ва мегӯянд, "худи духтарон дигар омӯзиши таҳсили диниро қабул надоранд."Вале як падар, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, соли ҷорӣ вақте мехост духтараш дар ҳамин донишкада таҳсили олӣ бигирад, дар ин муассиса ба онҳо гуфтанд, ки имсол имкони қабули духтаронро надоранд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба маҳдудиятҳое, ки дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба муқаррароти марбут ба либоси мазҳабии занону духтарон ҷорӣ шуда, пӯшидани сатру ҳиҷоб дар мактабҳои миёнаву олӣ манъ шудааст, бархе мегӯянд, эҳтимолан як сабаби таваҷҷӯҳи ками духтарҳо ба таҳсил дар мактаби олии исломӣ ҳам дар ҳамин аст.Албата бо каме диққат ва таваҷҷуҳ метавон дарёфт, ки ин қазияи, дар идомаи ҳамон душманиҳои режими Раҳмон бо Ислом ва қавонини исломист, ки бо ин баҳонаҳо мехоҳанд духтарони ҳиҷобпушро аз донишкадаи исломи берун карда ва онҳоро хона нишин ва ё ба суи донишгоҳҳои ғайри исломӣ бикашонанд.Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images