Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз даъвати Кабирӣ ба Эрон изҳори нигаронӣ намуд

Пас аз сафари Кабирӣ ба Эрон ва ширкати вай дар Конфронси Ваҳдати исломӣ, ки бо даъвати масъулини эронӣ сурат гирифтааст

Пас аз сафари Кабирӣ ба Эрон ва ширкати вай дар Конфронси Ваҳдати исломӣ, ки бо даъвати масъулини эронӣ сурат гирифтааст, бештари ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон эъломи нигаронӣ ва норизоятӣ намудаанд ва мавҷи ин эътирозот ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба гузориши радиои тоҷикии Тajik.irib.ir, дар идомаи ин раванд, ахиран раёсати Донишгоҳи исломии Тоҷикистон бо нашри баёние гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд  мавқеи хешро нисбат ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон  мушаххас кунад.

Дар баёнияи Донишгоҳи исломӣ омадааст: "Эрон бояд мавқеи хешро мушаххас кунад, то сӯитафоҳум дар байни мардуми дӯсту ҳамзабон ба миён наояд ва ҳамкории мардум дар фазои дӯстию бародарӣ, амнияту осудаҳолӣ ва бо муҳаббату якдигарфаҳмӣ дар ҳама самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва динию фарҳангӣ ҷараён дошта бошад".

Қобили зикр аст, ки ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи Наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон,  ба вокунишҳои  тунди Душанбе  рӯбарӯ шуд. Ба дунболи ин, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанберо эҳзор намуда ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супурдааст.

Инчунин Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  низ қабл аз намози ҷумъаи  ҳафтаи гузашта, аз ҳузури Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон шадидан интиқод кард.Бо ин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибааш бо пойгоҳи "Sunnionline", вокуниши мақомоти тоҷикро бачагона ва тааҷҷубовар хондааст. Кабирӣ ба ин расона гуфтааст, ки вай дар донишгоҳҳои аврупоӣ суханронӣ мекунад ва қарор аст дар  моҳи оянда боз дар ду донишгоҳи аврупоӣ суханронӣ кунад, аммо мақомоти Тоҷикистон  ҷасорат надоранд нотаи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳои интернетӣ хабар додаанд, ки интизор аст гурӯҳе аз донишҷӯён ва занон дар  назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ҷамъ шавад ва Эронро дар ҳимоят аз терроризм муттаҳам кунанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ин манобеъ интизор аст тазоҳуркунандагон  аз мақомоти Эрон истирдоди Кабирӣ ва дигар аъзои ҳизби мамнӯаи Наҳзати исломии Тоҷикистонро бихоҳанд.

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

general.images