Домоди Э.Раҳмон як қатор хонаву дукону мағозаҳои мардумро чапа кард, то роҳ ба самти бозораш ҳамвор шавад

Дар шаҳри Ҳисор даҳҳо дӯкону мағоза ва истгоҳи муосири ҳамагӣ се моҳ пеш сохта шуда дар кӯчаи шафати бозори "Само” -ро чапа карданд. То роҳи тарафи бозори "Само”, ки ба домоди президент Маҳмадзоир Соҳибов тааллуқ дорад, васеъ шавад.

Тоҷикистон кишваре аст, ки дар он қонун фақат барои камбағалон аст. Касоне ки ба мақомот наздик бошанд қонунро худашон таин мекунанд ва қонун чизе аст, ки онҳо хоҳанд, ба хусус агар оила ва домоди Э.Раҳмон бошад, ки дар ин сурат онҳо худро Худои Тоҷикистон ба ҳисоб меоранд ва ҳар тавре ки хоҳанд ҳамон корро анҷом медиҳанд. Маҳмадзоир Соҳибов намунае аз ин гуфтаи мо аст.Маҳмадзоир Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ барои инки роҳ ба самти бозорашро ҳамвор кунад, як қатор хонаҳо, дуконҳо, мағозаҳо ва ҳатто истгоҳҳоро ки баъзеашонро нав сохта буданд, бе ягон қонун ва нишон додани иҷозатнома ва харидани он хонаҳову мағозаҳо чапа карда аст. Ин навъ рафтор, рафтори золимона ва ғайриинсонвор аст, ки домоди Эмомалӣ Раҳмон биёяд хонаву кошонаи мардумро чапа карда, ҳатто як дирам ҳам ба онҳо надиҳад ва ҳатто таҳдид низ кунад, ки агар ба ҷое шикоят баред бо аҳлу оилаатон несту нобуд мешавед.Гуноҳи аҳолии Тоҷикистон чист ки ин ноҷавонмардон ва ҳайвонҳои ваҳшии инсонсурат бар онҳо ҳоким шудааст, дар ҳоле ки ин мардум онҳоро интихоб накарда ва аз рангу рӯй ва ҳафт пушташон безоранд?!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, рӯзи 8 август дар шаҳри Ҳисор даҳҳо дӯкону мағоза ва истгоҳи муосири ҳамагӣ се моҳ пеш сохта шуда ва ҳамчунин қатори гаражҳо дар кӯчаи шафати бозори "Само” дар маҳаллаи "Гидроизол”-ро чапа карданд. Ба соҳибони дӯконҳову гаражҳо гуфтаанд, ки бояд роҳи тарафи бозор ва таваққуфгоҳи мошинҳои бозори "Само”-ро васеъ кунанд. Гуфта мешавад, ин бозор ба домоди президент Маҳмадзоир Соҳибов тааллуқ дорад.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images