Додоҷон Атовулло ҷосуси Раҳмон, аммо бекасу танҳову беобрӯ!

Додоҷон Атовуллоев бо нашри як изҳорот гуфт, ӯву тарафдоронаш ҳанӯз ба эътилофи нави мухолифини тоҷик ҳамроҳ нашудаанд.

Додоҷон Атовулло, ки худро мухолифи куҳнакори режими Раҳмон муаррифӣ карда буд ва дар солҳои оғозини президентии Э.Раҳмон Тоҷикистонро тарк карда буд, бо ваъдаҳои пучу беасоси Э.Раҳмон фиреб хӯрда обрӯи чандинсолаи худро барбод дод. Дар ҳоли ҳозир танҳову бекас монда, ҳамаи ҳаммаслаконаш аз ӯ ҷудо шуданд. Ӯ баъд аз инки ба истихдоми режими Раҳмон даромад, билохира чеҳраи воқеии худро ошкор сохт ва худро танҳотар аз пеш кард.Сухани ӯ имрӯз дигар харидор надорад. Худи ӯ низ дигар арзиш надорад. Дар мақоли тоҷикӣ мегӯянд: “аз ин монда ва аз он ронда” шуд. Эмомалӣ Раҳмон баъд аз онки чеҳраи воқеии Д.Атовуллоро бо ихтилоф ва тафриқаафканӣ дар суфуфи мухолифон ошкор кард, таърихи истифодаи ӯ гузашт ва дигар барои Э.Раҳмон низ даркор нест. Ӯ бо беақлӣ ва бетадбирие ки анҷом дод худашро аз ин монда ва аз он ронда кард. Худашро беобрӯю беэътибор кард. Имрӯз бошад худаш мондаасту худаш. Танҳои танҳо, танҳотар аз пеш ва беобрӯтар аз хеш.Гарчӣ эътилофи нави мухолифон бо раҳбарии М.Кабирӣ дари пайвастанро боз гузошта ва мухолифонро бо оғуши боз мепазиранд, аммо шармсорӣ ва шармандагии Д.Атовулло монеи пайвасатани ӯ ба ин эътилоф мешавад; чароки дигар на эътиборе дорад ва на обрӯе! Инсоне ки як бор хиёнат кунад ва ҳаммаслакони худро бифурӯшад, қатъан даҳҳо бори дигар ин хиёнат ва ханҷарзаниро такрор хоҳад кард. Ӯ худ низ ин масъаларо медонад ва ба ҳамин сабаб аз шармандагии худ дигар наметавонад бо касе муттаҳид шавад; чун хиёнаткор хиёнаткор мемонад ва ханҷарро дар мавқеи муносиб аз пушт мехалад.Ҷосуси беобрӯи аз инҷо монда аз онҷо ронда шудан азобе аст, ки инсонро танҳотар аз ҳамеша мекунад ва онро ба қаъри танҳоӣ кашида оқибат ба девонагӣ мерасонад. Шармсории хиҷолат ва хиёнат ӯро аз ҳамаи маъракаҳо дур карда ба марзи касалии рӯҳӣ-равонӣ мерасонад. Дилам ба ҳоли зори Додоҷон Атовулло месӯзад. Ҳоли Айёмиддин низ монанди Атовулло шуда ва шармсорӣ дар симои номубораки ӯ ҳувайдо гаштааст, ки аз дидани аксҳои имрӯзи ӯ фаҳмида мешавад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, Додоҷон Атовуллоев, роҳбари "Ватандор” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ӯву тарафдоронаш ҳанӯз ба эътилофи нави мухолифини тоҷик ҳамроҳ нашудаанд. Атовуллоев гуфт, онҳо бо касоне ҳампаймон хоҳанд шуд, ки "ҳаргиз паймон нашкастаанд.” Рӯзи 9 сентябр 4 ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Варшава аз таъсиси эътилофи нави мухолифин бо номи Паймони миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ хабар доданд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images