Додгоҳ бидуни исботи ҷурм ва эътирофи таҳти шиканҷа, ҷавонро ба 18 сол зиндон маҳкум кард

Додгоҳ Ҷовидон Ҳакимовро бе исботи гуноҳ ва бо шоҳидии ду корманди милиса, ки даст доштани худро дар латту кӯб ва гирифтани эътироф аз муҷрим зери шиканҷа рад карданд, ба 15 сол зиндон ҳукм карданд.

Додгоҳи Тоҷикистон ҷузви ноодилонатарин додгоҳҳои ҷаҳон аст, ки бидуни исботи ҷурм ва бо шоҳидии ду корманди пулис, ки таҳти ҳазор шиканҷаи рӯҳӣ ва бадании инсон эътироф мегиранд, ҷавонҳои мардумро ба ҳабсҳои тӯлонӣ меандозанд, ки ҳам додгоҳро зери суол мебаранд, ҳам судяро ва системаи додгоҳии Тоҷикистонро. Умед аст, ки рӯзе фаро расад, ки додгоҳу мардуму мансабдорон одил гарданду ситамкорон ба сазои аъмолашон расанд.Додгоҳ Ҷовидон Ҳакимовро бе исботи гуноҳ ва бо шоҳидии ду корманди милиса, ки даст доштани худро дар латту кӯб ва гирифтани эътироф аз муҷрим зери шиканҷа рад карданд, ба 15 сол зиндон ҳукм карданд, ки волидайни муҷрим ҳукми додгоҳро ғайри одилона ва ғайримунсифона хонда, дуои баде дар ҳаққи ситамкорон карданд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини 29-солаи шаҳри Кӯлобро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ҷовидон Ҳакимов барои ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия, муттаҳам дониста мешавад. Мурофиаи ниҳоии парвандаи Ҷовидон Ҳакимов рӯзи 30 март дар бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд ва додрас Баҳодур Шарифзода ҳукми ин сокини Кӯлобро ба иттиҳоми "зархаридӣ" ва "ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ", эълон кард. Дар мурофиаи рӯзи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ барои Ҷовидон Ҳакимов 18 соли зиндон талаб карда буд. Ҷовидон Ҳакимов, ки муттаҳам дар ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия аст, шикоят дорад, ки эътирофи ӯ зери шиканҷа гирифта шуда ва дар асл ӯ гуноҳе надорад.Моҳира Мирзоалиева, вакили дифои Ҷовидон Ҳакимов гуфт, ки волидони зерҳимояаш аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Муҳаббат Ҳакимова, модари Ҷовидон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ гуноҳи писарашро исбот карда натавонист ва ӯро ғайримунсифона барои 15 сол равонаи зиндон намуд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images