Дидору гуфтугуи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қазоқистон

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар Қазоқистон ба сар мебаранд, дар дидоре равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Тошкандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон, ки барои ширкат дар ҷашни бистумин солгарди таъсиси шаҳри Остона ва эъломи пойтахти Қазоқистон ба унвони маркази ҷадиди молии байналмилалӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар дидоре равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Тошкандро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози ризоиятмандӣ аз натоиҷи нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфт, ки дар ин муддати кӯтоҳ дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории Душанбе ва Тошканд таҳаввулоти зиёде ба вуқӯъ пайвастааст.Вай осонӣ дар рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар бидуни доштани раводид ба муддати як моҳ, афзоиши муомилоти тиҷорӣ ва имзои қонуни аломатгузории марзи муштараки ду кишварро аз муҳимтарин дастовардҳои сафари раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон баршумурда, хостори тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миёни Душанбе ва Тошканд шудааст.Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон низ дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва транзит шудааст.Гуфта мешавад, ки дар ҳошияи баргузории ҷашни бистумин солгарди таъсиси шаҳри Остона ва эъломи пойтахти Қазоқистон ба унвони маркази ҷадиди молии байналмилалии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври ҷудогона бо Нурсултон Назарбоев ҳамтои қазоқистонии хеш дидор ва гуфтугӯ кардаанд.

general.images