Деҳа дар лаби дарё, аммо сокинони он беоб/ белаёқатии Э.Раҳмон ё кӣ?

Деҳа дар лаби дарё, аммо сокинони он 25 сол боз аст, ки беобанд/ оё ин вазъият белаёқатии Э.Раҳмонро намерасонад?

Мудирият ва идора кардан маҳорате аст, ки ҳар кас онро надорад. Касе ки тавоноии идора карданро надорад, мудири белаёқат ва корношоям аст. Мудири белаёқат ва корношоям агар болои ганҷ шинаду зери дасташ кӯҳе аз тилло бошад, ҳамаи онро ҳадар дода, зердастонаш аз гуруснагию ташнагӣ мемиранд.

Аммо агар мудир болаёқат ва коршоям бошад, аз каҳ кох месозад ва ободию созандагиро ба зердастонаш мерасонад.

Худатон хулоса бароред, деҳае ки лаби руди Панҷ аст, аммо сокинони он 25 сол аст, ки об надоранд ва барои оби нушокӣ бояд рафта аз ин рудхона об биёранд, оё худ далеле бар белаёқатӣ ва корношоямии раиси ин деҳа нест?

Агар як инсони камтарак дилсузе дар ин деҳа раис мешуд, ҳатман метавонист бо пули ночизе сокинони деҳаи лаби рудхонаро аз об бой гардонад ба наҳве ки ҳам ба зироату кишташон обрасонӣ мешуд ва ҳам худашон барои об бо сатилҳою харҳо ба лаби руди Панҷ намерафтанд.

Ба гуфтаи Изатулло Абдураҳмонов, сокини шаҳраки Фархор, 25 сол инҷониб аст, ки сокинони ин шаҳрак беобанд, оё ин аз он хабар намедиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон белаёқати корношоям аст, ки аз уҳдаи обрасонии ҳатто як шаҳрак ки дар лаби руди Панҷ аст, намебарояд, чӣ расад ба идораи кишвар?

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: “Мо дар ҳалқаи дарёҳоему дар дохили ноҳияву деҳоти мо хушкиву беобӣ аст.”,--гуфт Изатулло Абдураҳмонов.

Изатулло Абдураҳмонов, сокини шаҳраки Фархор, ки аксаран масъулияти обрасонӣ ба хонаашро бар душ дорад, мегӯяд вазъи беобию обкашӣ аз руди Панҷ 25 сол боз давом дорад. Дар маҳаллаи зисти онҳо оби ошомиданӣ ва об барои кишти зироат намерасад.

Сиддиқи Акбар

general.images