Декани Донишгоҳи омӯзгорӣ: Ё либоси аврупоӣ бипӯшед ваё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳед шуд

Чунин ба назар мерасад, ки маъракаи мубориза бо сатру ҳиҷоб ҳамчун "либосҳои бегона” ва таблиғи либоси миллӣ дар Тоҷикистон акнун ба маъракаи нави таблиғи кофтаву юбка ҷой холӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, Мирзобек Шарипов, декани риштаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ синфхона ба синфхона гашта, ба духтароне, ки дар сар рӯймол ва дар тан либоси тоҷикӣ доштанд, ҳушдор додааст, ки ё либоси аврупоӣ бипӯшанд ваё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд. "Инҷо шаҳр аст, на қишлоқ. Мисли кампирҳои 70-сола эзор пӯшидаед,”- таъна задааст декан ба духтарони донишҷӯ.Чунин ба назар мерасад, ки маъракаи мубориза бо сатру ҳиҷоб ҳамчун "либосҳои бегона” ва таблиғи либоси миллӣ дар Тоҷикистон акнун ба маъракаи нави таблиғи кофтаву юбка ҷой холӣ мекунад.Аз мактабҳои миёна ва олии Тоҷикистон гузоришу шикоятҳои навбанав дар бораи маъракаи нави маҷбур кардани донишҷӯёну омӯзгорон ба пӯшидани либосҳои аврупоӣ ба даст мерасанд.Як манбаъ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки рӯзи 29 сентябр декани риштаи биологияи ин донишгоҳ Мирзобек Шарипов ҳамроҳи як гуруҳи масъулон шахсан синфхона ба синфхона гашта, духтарони донишҷӯеро, ки дар тан либоси миллии тоҷикӣ – куртаву эзор ва рӯмоли кӯтоҳ доштанд, ҳушдор додааст, ки бо либоси аврупоӣ ба дарс биоянд, вагарна аз донишгоҳ ихроҷашон мекунанд.Ҳамсӯҳбати "Ахбор” гуфт: "Ҳоло сатру ҳиҷоб комилан манъ шудааст ва ин духтарони тоҷикипӯш дар сар рӯймолҳои кӯтоҳ басташуда доштанд. Аммо Мирзобек Шарипов ҳамроҳи чанд нафаре, ки ё аз раёсати донишгоҳ буданд ваё аз вазорати маориф ё идораҳои дигар, синф ба синф гашта, духтаронеро, ки дар тан либоси миллии тоҷикӣ ва дар сар рӯймол доштанд, ҳушдор дод, ки аз донишгоҳ хориҷатон мекунам, инҷо шаҳр аст, на деҳот бояд шаҳр аз деҳот фарқ дошта бошад, мисли кампирҳои ҳафтодсола куртаи эзор напӯшидед. Мирзобек Шарипов бо ишора ба духтароне, ки дар тан либоси аврупоӣ доштанд, ба духтарони, ба ақидаи декан, "қишлоқипӯш” амр дод, ки бояд мисли инҳо либос пӯшида, ба дарс биоед.”Ҳамсӯҳбати Ахбор мегӯяд, чунин талаб, ки бояд ҳама ҳатман либоси аврупоӣ бипӯшанд, то куҷо ҷавобгӯи меъёрҳои як ҷомиаи озод ва демократист? Ӯ мегӯяд: "Ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки аз мардум чӣ мехоҳанд ва мақсадашон чӣ аст? Аввал гуфтанд, ки мо бар зидди фарҳанги бегона мубориза мебарем ва мақсад таблиғи либоси миллии тоҷикист. Валеимрӯз бар зидди фарҳанги миллӣ муборизаро оғоз кардаанд. Охир мо дар ҷомеае зиндагонӣ дорем, ки димократӣ унвон шудааст, оё демократия поймол кардани ҳуқуқи гуруҳе аз инсонҳоест, ки дар тан либоси миллӣ доранд? Магар дар ин шароити бесаводшавии саросарии ҷомиа риштаи маорифи Тоҷикистон мушкили дигаре ба ҷуз аз танзими либоси донишҷӯёну омӯзгорон надорад? Мисле ки мехоҳанд худро ва мардумро ба ягон чизи беҳуда, ба мисли танзими либос машғул бидоранд. Омӯзгорони муҳтарами мо бояд аз пайи ҷорӣ кардани шеваҳои муосири таълим ва боло бурдани сатҳи саводи шогирдон бошанд, вале илму донишро ба хоки сиёҳ баробар кардаву аз паси куратву эзор овораанд.”Солҳои гузашта дар мактабҳои Тоҷикистон мубориза бо сатру ҳиҷоб ҳамчун либосҳои бегона дар меҳвар қарор дошт. Мақомот мегуфтанд, ки мақсад аз ин муборизаҳо ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва таблиғи либоси миллии тоҷикист. Дар чорчӯби он маъракаҳо пӯшидани сатру ҳиҷоб дар мактабҳои миёнаву олӣ ва дар идораҳои давлатӣ комилан манъ шуд ва ҳатто агар зани ҳиҷобпӯши корафтодае ба идораи давлатӣ ваё ҳатто ба бемористон биояд, пеш аз даромадан аз ӯ талаб мекунанд, ки рӯмолашро "тоҷикӣ”, яъне кӯтоҳ ва ба тарафи қафо бубандад.Вале акнун, тавре ба назар мерасад ҷои таблиғи либоси миллии тоҷикиро ҳарчӣ бештар маъракаи нави таблиғи либоси аврупоӣ танг мекунад.Дар аввали соли таҳсил аз омӯзгорон талаб карданд, ки аз 1 сентябр ҳама бо кофтаву юбка ба дарс биоянд. Ҳатто дар мактабҳоидеҳот.Ҳамин тавр, ахиран аз коллеҷи омӯзгории Кӯлоб хабар доданд, ки мудири ин коллеҷ аз духтарони донишҷӯ талаб кардааст, ки то 1 октябр барои харидани кофтаву юбка ҳар кадомаш 200 сомонӣ бисупорад.

general.images