Даъвати Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон

Дар гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ашраф Ғанӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз раиси ҷумҳури Афғонистон барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват намудааст.

Дар гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ашраф Ғанӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз раиси ҷумҳури Афғонистон барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват намудааст.

Тибқи гузоришот, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад  Ашраф Ғанӣ сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Ин гуфтугӯи телефонӣ дар нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 20-уми март бо дархости ҷониби Афғонистон сурат гирифтааст.

Зимни сӯҳбат, Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намудаанд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои афғонашро ҷиҳати анҷоми боздиди расмӣ ва ширкат дар маросими ифтитоҳи тарҳи КАСА-1000 даъват намудааст, ки ин даъват мавриди қабули тарафи афғонӣ қарор гирифтааст.

general.images