Дастурҳои, ки дар бораи танзими бозор содир мешаванд вале дар иҷро ба ҳиҷҷои намерасанд

Давлати Тоҷикистон бо судури фармоне аз танзими қимати 16 навъ маводи ғизоӣ дар ин кишвар, ки таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор хоҳанд гирифт, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, давлати Тоҷикистон бо судури фармоне аз танзими қимати 16 навъ маводи ғизоӣ дар ин кишвар, ки таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор хоҳанд гирифт, хабар дод.Ҳадаф аз иҷрои ин фармон, ки ба имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон расида, ҳимоят аз манофеи мардуми ин кишвар унвон шудааст.Иқдомоти танбеҳӣ барои афроди мутахаллиф дар сурате амалӣ хоҳад шуд, ки онон маводи ғизоиро ба қимати 20 дарсад гаронтар аз нархи мусавваб ба фурӯш бирасонанд.Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки қаблан ба далели набудани чунин фармоне танзим ва контроли қиматҳо дар бозорҳои масрафи ин кишвар ғайримумкин буд ва акнун заминаи қонунии назорат бар қиматҳо фароҳам шудааст.Бар асоси ин фармон, қимати анвои орд, гандум ва нон, макарон, биринҷ, картошка ва пиёз, қанду шикар, равған, шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшти гов, гӯсфанду мурғ, сабзиҷот, ҳубубот, тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдак шомил ин феҳрист хоҳад шуд.Солҳои қабл низ мақомоти Тоҷикистон талошҳоеро барои контроли қиматҳо дар остонаи фарорасии ду ид, Рамазон ва Қурбон оғоз карда буданд, ки ба ҷое нарасид.

general.images