Хоназури майдонғариб!

Дастаи футболи Рустами Эмомалӣ: Хоназури майдонғариб!

Қаҳрамони чоркаратаи футболи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи "Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бар дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати мавсими соли гузашта - дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада, ба Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуд. (Азия Плюс).

Чаро истиқлол паёпай дар Тоҷикистон қаҳрамон мешавад?

Тими футболи Истиқлол тиме аст, ки яке аз бозикунонаш Рустами Эмомалӣ аст. Рустами Эмомалӣ тарафдори футбол буда худаш ба истилоҳ “футболист” аст. Чун Рустами Эмомалӣ бозикуни ин тим аст, бояд ин тим қаҳрамон шавад, ҳатто агар ҳам бозикунонаш дар бозӣ надаванд. Агар тим бой диҳад Рустами Эмомалӣ хафа мешавад, вақте ки ӯ хафа шавад мумкин аст, ки фоҷеае рух диҳад; масалан одами голзадагӣ хеле роҳат аз зиндагиаш маҳрум шавад ва ё бо як мадраксозӣ ба даҳҳо сол зиндон ҳабс шавад. Аз ҳамин сабаб аҳаде ҷуръат намекунад, ки муқобили тими “Истиқлол” тими Рустами Эмомалӣ ғолиб барояд. Пас қаҳрамони ҳамешагии Тоҷикистон аст.

Хоназури майдонғариб!

Аммо ҳамин тим вақте ки бо дигар кишварҳо бозӣ мекунад, бозикунонаш давида наметавонанд; чун аз “шоти акаи Рустам” (ки ҳеҷ кас ҷуръат намекунад бозиро бибарад) бе ягон давидану заҳмат кашидан қаҳрамонанд. Ин танбалӣ сабаб мешавад бозикунони ин тим заиф шуда, ба бозӣ тан надиҳанд, ба ҳамин хотир аст, ки дар бозиҳояш бо дигар кишварҳо, ҳатто бо заифтаринашон бозиро мебозад. Масалан Қирғизистон тиме аст, ки 11 бор бо Тоҷикистон бозӣ кардааст, 7 бор бурдааст, ду бор баробар кардааст. Бори охир ки тақрибан як ҳафта пеш баргузор шуд, бозиро бохт.

Тими Истиқлол тими “хоназури майдонғариб” аст. Дар хонааш ҳамеша қаҳрамон аст, вале дар майдон; яъне кишварҳои дигар, муши мурдааст, ки кораш фақат бохтан ва ҳатто номуси як голзаданро ҳам надорад. Бо Австралия бозӣ карданд, 7 гол хӯрданд. Президенти федерасияи футбол аз ин натиҷаҳо сарашро чӣ хел мебардошта бошад? Чӣ хел изо намекашида бошад??

general.images