Дастаи футболи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Чинро шикаст дод

Дастаи футболбозони то 19-солаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқоти гуруҳии қаҳрамонии футболи Осиё дар гуруҳи D мунтахаби Чинро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, дастаи футболбозони то 19-солаи Тоҷикистон рӯзи 20 октябр дар бозии аввали мусобиқоти гуруҳии қаҳрамонии футболи Осиё дар Индонезия дар гуруҳи D мунтахаби Чинро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро дар дақиқаи 77-уми бозӣ Шарафҷон Солеҳов зад. Рӯзи 23 октябр дастаи Тоҷикистон бо Малайзия вориди рақобат мешавад. Малайзия дар бозии аввалаш аз Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд.Комёбии дастаи футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар қаҳрамонии футболи Осиё ҷои дуюму медалҳои нуқра ва роҳхат ба ҷоми ҷаҳониро ба даст овард, дастаи ҷавонони то 19-соларо низ барои даст ёфбан ба комёбиҳо дар арсаи байналмилалӣ рӯҳбаланд кардааст.Дастаи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 20 октябр дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия бозии якумаш дар гуруҳи Д бо шарофати голи дар дақиқаи 77-уми задаи бозигари таҳти рақами 9 Шарафҷон Солеҳов бар тими Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.Дар бозии дуюми гуруҳи Д Арабистони Саудӣ бар Малайзия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.Рӯзи 23 октябр Тоҷикистон бо Малайзия ва Арабистони Саудӣ бо Чин вориди рақобат мешаванд.В другом матче группы D сборная Саудовской Аравии выиграла у Малайзии со счетом 2:1.23 октября Таджикистан встретится с Малайзией, а Саудовская Аравии с Китаем.

general.images