Дар ҳамлаи террористии Аҳвози Эрон 26 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд

Муовини сиёсӣ иҷтимоии устондори Хузистон (ҷануби ғарби Эрон) гуфт, бар асари ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз, 26 нафар шаҳид ва беш 60 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои расонаҳои Эрон, муовини сиёсӣ иҷтимоии устондори Хузистон (ҷануби ғарби Эрон) гуфт, бар асари ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз, 26 нафар шаҳид ва беш 60 нафар захмӣ шуданд.Ба гуфтаи расонаҳои Эрон, гурӯҳи террористии «Ал Аҳвозия», ки мавриди ҳимояти бархе аз кишварҳо аз ҷумла Риёз асту соли гузашта низ дар Эрон ҳамлаи террористӣ анҷом дода буд, рӯзи шанбе аз парке дар ҳошияи баргузории режа(парад)-и нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз ба самти мардуми тамошочӣ, тирандозӣ кард.Алиҳусайни Ҳусайнзода дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, расидагӣ ба ҳоли соири маҷрӯҳони ин ҳамлаи террористӣ, идома дорад.Ҳусайнизода тасреҳ кард, ҳар чаҳор террористи омили ин ҳамла ба ҳалокат расиданд.Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар ва Ғуломризо Шариатӣ, устондори Хузистон ба бархӯрди қотеъ бо авомили террористии ҳамла дар Аҳвоз таъкид кард.

general.images