Дар Тоҷикистон, 30% -и аҳолӣ аз норасоии ғизоӣ ранҷ мебаранд

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, беш аз ҳар замоне дучори бӯҳрони ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодист. Ҳаҷми истеҳсолот дар кишвар як дафъа поин омада ва сатҳи бекорӣ дар ҳоли афзоиш аст, мардуми ҷумҳурӣ ба хотири адами ҳимоятҳои иҷтимоии давлат дар ранҷу сахтӣ басар мебаранд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, беш аз ҳар замоне дучори бӯҳрони ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодист. Ҳаҷми истеҳсолот дар кишвар як дафъа поин омада ва сатҳи бекорӣ дар ҳоли афзоиш аст, мардуми ҷумҳурӣ ба хотири адами ҳимоятҳои иҷтимоии давлат дар ранҷу сахтӣ басар мебаранд.

Дар кишвар як барномаи ҷомеъе ҷиҳати хуруҷ аз бӯҳрон вуҷуд надорад ва дар ин самт, ҳама чиз ба ҳоли худ раҳо шудааст.

Мардум низ ҳар касе ҳар гуна ки метавонад, мушкилоти иқтисодӣ ва маишии худро ҳал мекунад.

Кишоварзӣ дар ҳолати бисёр баде қарор дорад, истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ тақрибан ба сифр баробар шудааст, ки далели он низ фарсудагии таҷҳизот ва истифодаи номуносиб аз он аст.

70%-и маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷ ворид мегардад ва  ин ба ин маъност, ки амнияти ғизоӣ дар кишвар дар хатар аст.

Масъалаи аслӣ дар кишвар таъмини ғизо ва озуқа буд ва ин масъала ҳамчун мушкили аслӣ боқӣ мондааст.

Ба далели афзоиши доллар, маҳсулоте, ки эҳтиёҷоти рӯзмарраи мардум гарон шудаанд, ба ҳадде ки касе дар фикри назорат ва танзими ин ҳаҷми таваррум ва болоравии нархҳо нест. Аз тарафе ҳам, бо вуҷуди он ки мардум ба далели адами қудрати харид, хашмгинанд, вале коре ҳам аз дасташон сохта нест. Маҳсулоти ғизоӣ то 30-40% гаронтар шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон қурби пули миллӣ нисбат ба доллар ҳудуди 40% коҳиш ёфтааст, ки мутаносиб ба ин, нархи маҳсулот низ ба ҳамин андоза гаронтар шудааст.

Табиист, ин ҷаҳиши нархҳо таъсири мустақими худро ба буҷаи хонаводаҳо, махсусан қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону нафақахӯрон, модарони танҳо ва хизматчиёни давлатӣ гузоштааст.

Ба унвони мисол, мизони миёнаи нафақа, дар соли 2015, баробар ба 104 сомонӣ ё 14 долларро ташкил медод; ки мушаххас аст, бо ин миқдор маблағ имкони зиндагӣ аслан вуҷуд надорад!

Беш аз 30% мардуми ҷумҳурӣ бо доштани як нафар таъминкунандаи маош, зери хатти фақр зиндагӣ доранд.

Бино ба гузориши сомонаи ташкилоти амрикоии Save the Children, падари хонавода рӯзе 2 доллар даромад дорад, ки ин амр боиси афзоиши лашкари камбизоатон ва фуқаро дар кишвар гардидааст. Бо сабаби камбизоатӣ ва шароити иҷтимоии номусоид, дар кишвар ҳар 47 нафар аз ҳар 1000 нафар кӯдак пеш аз расидан ба синни панҷсолагӣ талаф мешаванд.

Пештар хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вазъи беҳтаре доштанд ва ба далели расидани маблағ аз хориҷ, аз ҷаҳиши нархи маводди ғизоӣ дучори осеб намешуданд, аммо акнун онҳо низ мисли дигар хонаводаҳои тоҷик бо анвои мушкилоти иқтисодӣ даргиранд.

Маҷаллаи The Diplomat бо истинод ба гузоришоти Бонки миллии Tоҷикистон гуфтааст, дар шаш моҳи соли гузашта, ҳаҷми пулҳои фиристодашуда аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ, дар муддати мушобеҳи соли 2014, 32 дарсад коҳиш доштааст. Ҳамчунин дар гузориши мазкур омадааст, ҳаҷми муроҷиати шаҳрвандони ба кишвар дар моҳи май 2% ва дар моҳи июн 3%-ро ташкил медод, аммо дар моҳи сентябр боз ба 2% коҳиш пайдо намуд. Ин нишондиҳанда ба ин маъност, ки агарчи бо вуҷуди мушкилот дар Русия бештари муҳоҷирон қасди бозгашт ба ватанро намудаанд, аммо дар ҳар ҳолат, муҳоҷирони тоҷикистонӣ шароити баргашт ба кишварашонро надоранд, зеро дар сурати бозгашт ба Ватан ба ҳамон мизон коре, ки дар Русия анҷом медоданд ва маблағеро ба даст меоварданд, дар кишвар ба ивази он, маблағи бисёр ночизу андаке ба даст хоҳанд овард.

Дар айни замон низ, тамоюли шадидтаре ба муҳоҷирати тоҷикон ба Русия вуҷуд дорад, бештари хонаводаҳо дар фикри ин ҳастанд, ки ба таври ҳамешагӣ дар Русия сокин шаванд. Ҳамасола ба теъдоди касоне, ки мехоҳанд ба сурати ҳамешагӣ дар Русия зиндагӣ дошта бошанд, афзуда мешавад. Ба унвони мисол, дар соли 2015, бар асоси барномаи мусоидати муҳоҷирати доимии шаҳрвандон ба Русия, 1200 хонавода ба Федератсияи Русия нақли макон намудаанд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон гузориш доааст, дар соли ҷорӣ, ки барои мушовира дар моҳи июн замон таъин шудааст, теъдоди сабти номкунандагон ба 26 ҳазор нафар аз соли 2013 то кунун расидааст. Фақат дар соли гузашта 13,5 ҳазор нафар ҷиҳати нақли макон ба Федератсияи Русия сабти ном кардаанд.

Чанде пеш, созмони байналмилалии "Global Hunger Index" гузориш дода буд, ки тибқи он, Тоҷикистон дар зумраи кишварҳое қарор гирифтааст, ки шадидан бо мушкилоти камбуди ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд, тибқи гузоршоти ин маҷмӯа, 30% мардуми кишвар аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.

Дар ин омор, Тоҷикистон дар радифи кишварҳои Покистон, Угондо, Ниҷер, Руандо ва дигар кишварҳои африқоӣ қарор гирифтааст.

Бо ин ҳол, вазири кишварзии Тоҷикистон, Маҳмадтоҳир Зокирзода, дар мусоҳибаи худ бо Озодагон, омори ин ниҳоди байналмилалиро дурӯғин ва иштибоҳӣ донистааст. Вазир гуфтааст, биравед ба хонаҳои мардум, бипурсед! Ман ба унвони вазир мегӯям, ин омор нодурустанд ва бо ҳақиқат созгорӣ надоранд!

Дар идома омадааст, ки масъулони вазорати кишоварзӣ бо ишора ба гузоришоти "Global Hunger Index" гуфтаанд, агар инсон 3500 килокалория ғизо дарёфт намояд, ба ин маъност, ки ин шахс норасоии ғизоӣ надорад. Аммо дар мавриди норасоии ғизоӣ ва сӯитағзия бояд гуфт, ки агар камтар аз 1500 килокалория дарёфт намуд, бо он сидқ мекунад. Дар сурате ки бино ба гузоришот, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 2100 килокалория дарёфт менамоянд ва ин гузоришоти саҳеҳи расмии мақомоти омории кишвар мебошад, - гуфтаанд намояндагони Вазорати кишварзӣ.

Бо ин вуҷуд, бар ҳамагон маълум аст, дар Тоҷикистон, ҳамеша омор мавриди дастбурд қарор мегирад.

Бинобар ин, агар вазъият ислоҳ нашавад ва барномаҳои саҳеҳи ғизоӣ таҳия нашаванд, яқинан мардуми Тоҷикистонро гуруснагии шадид ва паёмадҳои ногувори он ва ҳатто маргу мирҳои ношӣ аз гуруснагӣ дар интизор хоҳад буд.

В.Акбарзода

http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1454914680

Тарҷума аз русӣ: Малика Назарзода

 

 

general.images