Дар идомаи ошкор шудани асардуздии "олимнамоҳо ”-и тоҷик\ Писари вазири маориф аз унвони номзади илмҳо маҳрум мешавад

Пойгоҳи "Диссернет” дар идомаи фошкориҳояш дар бораи асардуздиҳои "олимнамоҳо ”-и тоҷик хабар дод, ки Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия як моҳ пеш тавсия додааст, ки Шоҳин Нурович Саидовро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои расонаҳои Тоҷикистон, пойгоҳи "Диссернет” дар идомаи фошкориҳояш дар бораи асардуздиҳои "олимнамоҳо ”-и тоҷик хабар дод, ки Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия як моҳ пеш тавсия додааст, ки дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳин Нурович Саидовро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунанд. Шоҳин Саидов, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид рисолаашро аз олимони рус рӯбардор карда, фақат Русияро дар матн бо Тоҷикистон иваз кардааст."Диссернет” хабар дод, ки рӯзи 27 феврали соли 2018 дар ҷаласаи комиссияи Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои шаҳри Маскав (Донишгоҳи ба номи Патрис Лумумба) бар асоси дархости "Диссернет” масъалаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳин Нурович Саидовро баррасӣ кардаанд.Шоҳин Саидов писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид аст. Ӯ 15 декабри соли 2011 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии лингвистии шаҳри Маскав дар мавзӯи "Уголовная ответственность за контрабанду по законодательству Республики Таджикистан” таҳти роҳбарии Сергей Невский рисолаи номзадиашро ҳимоя карда буд.Бино ба гузориши "Диссернет”, писари вазир дар рисолааш бидуни зикри манбаъ саҳифа-саҳифа матнро аз рисолаҳои чанд олими рус, аз ҷумла Дмитрий Коземаслов, Галина Качкина, Любов Родина ва Ирина Розуман рӯбардор карда, дар ин матнҳои рӯбардоршуда фақат ҷоеро, ки Русия навишта шуда буд, бо Тоҷикистон иваз кардааст.Шоҳин Саидов, ба навиштаи "Диссернет”, вақте дар ҳар куҷои матнаш номи Русияро бо Тоҷикистон иваз мекард, ҳатто фикр намекард, ки оё пленуми Суди олии Тоҷикистон низ чунин қарори комилан ҳамсони Пленуми Суди олии Русияро қабул кардааст ё на? Ё олимони русе, ки ӯ иқтибос меорад, ҳатто пай набурдаанд, ки дар рисолаҳои худ қонунгузории ҷиноии Тоҷикистонро таҳқиқ кардаанд. Шоҳин Саидов ҳатто дар иқтибосҳояш аз олимони рус пажӯҳишҳои онҳо дар бораи қонунгузории Русияро ба қонунгузории Тоҷикистон иваз кардааст.Соли 2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳин Саидов, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро тақдим кардабуд."Диссернет” ахиран раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзодаро низ ба асардуздӣ айбдор кард. Ин пойгоҳ чанде пеш дар бораи асардуздии боз 5 ба ном "олим”-и тоҷик хабар дод ва гуфт, ду нафари онҳоро алакай аз унвони илмӣ маҳрум кардаанд.Пойгоҳи "Диссернет” дар бораи дастикам беш аз 5 мавриди рисоладуздии олимони тоҷик хабар медиҳад, вале мегӯяд, шумори аслии чунин дуздиҳои илмӣ дар Тоҷикистон метавонад ба маротиб бештар бошад.

general.images