Дар асари сахтгирии ҳукумат нисбат ба Ислом, донишҷӯёни ДИТ 30 дар сад коҳиш ёфт

Тоҷиддин Асомуддинзода гуфт: тайи ду соли ахир теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Режими Раҳмон, ки режими зидди динӣ ва зидди Ислом аст ва тайи чанд соли ахир зиддият ва душмании худро бо Ислом, бо манъи азон, бастани масҷидҳои зиёд, риштарошӣ, мубориза бо сатр ва ҳиҷоб ва садҳо масъалаи дигар, нишон дода аст. Режими Раҳмон алайҳи Ислом ташвиқоти сахт бурда, ҷавононро аз он ҳаросон карданд ва дар асари сахтгирии ҳукумат нисбат ба Ислом, донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Мақомот талош мекунанд ҳамеша оморро камтар аз он чизе ки ҳаст нишон диҳанд, бо таваҷҷуҳ ба ин метавон гуфт, ки донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон беш аз 50 дарсад коҳиш ёфта аст.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт: тайи ду соли ахир теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар пайи ин бархе кормандони донишкада ҳам ихтисор шудаанд. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images