Дархости Аврупо аз Тоҷикистон: Ҳуқуқу озодиҳо нақз нашаванд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 16 феврал аз анҷоми ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел хабар дод.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 16 феврал аз анҷоми ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел хабар дод. Ба иттилои манбаъ ҳайати Тоҷикистонро вазири умури хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов ва ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Берт Кендерс, вазири умури хориҷии Ҳолланд, кишвари раисикунандаи ИА, роҳбарӣ карданд: “Зимни мулоқот масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи стратегияи миллии рушд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мавзӯи об ва энергетика, масъалаҳо доир ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд”.Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт. Вазорат ҷузъиёти ин нишасти матбуотиро ироа накардааст, танҳо хабар додаст, ки ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.Ба иттилои расонаҳои Ғарб Сироҷиддин Аслов зимни ин нишаст аз бастани ҲНИТ ва амалиёти моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон ҳимоят карда, изҳор доштааст, ки террористон қасди табаддулоти давлатӣ доштанд. Берт Кандерс дар навбати худ бо баёни эҳтиром ба ҳуқуқи Тоҷикистон барои ҳимоя аз худ ва мубориза алайҳи ифротгароӣ, зарур хондааст, ки дар ин раванд набояд ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақз шаванд. 

general.images