Дарди дили устод Абдулқодир Алавӣ аз ғурбате, ки Э.Раҳмон мусаббиби он шудааст!

Абдулқодири Алавӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ шеъреро суруда аст, ки аз ҷудоиҳо, бемеҳриҳо, ғурбатҳо, ғарибиҳо, оворагиҳо, сиёҳбахтиҳо, дур аз ватан буданҳо ва .... шикоят мекунад.

Аз ҳар мисраъи шеъри ӯ ғаму андӯҳ, оҳу афсус ва дарду ранҷ таровуш мекунад ва аз замона чунон шикояте дорад, ки ба хонанда асар карда, ғарибиро ба беш аз се миллион ғарибони муҳоҷири дур аз ватан ёдрас мекунад ва беихтиёр дилҳои онҳоро ғамгину афсурдаҳол менамояд.

Ғарибӣ, оворагӣ, муҳоҷират ва дур будан аз ватану зану фарзанду хешу табор, ки бар асари суимидирият ва белаёқатии номардтарин ҳокими Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омада, ғарибонро шармсори ватан-модар карда, барои як луқма нон, онҳоро аз ватан беватан гардонда аст.

Ҳаққо, ки Эмомалӣ Раҳмон бадтарин инсони рӯи замин ва номардтарин шахси тӯли таърихи тоҷик аст. Эмомалӣ Раҳмон дар 27 соли ҳукуматаш, беш аз ниме аз аҳолии Тоҷикистонро овора карда, ғуломи русҳо гардонд. Ӯ дар ғуломисозии аҳолии Тоҷикистон чунон пеш рафт, ки имрӯза номи тоҷику Тоҷикистонро ҳамрадифи калимаи ғулом қарор дод.

Нигоҳе ба сурудаи устод Абдулқодир Алавӣ!

Инак нигоҳе меандозем ба чанд байте аз сурудаи устод Абдулқодир Алавӣ, ки чӣ зебо ва муносиб онро суруда ва ҳақиқати чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонро дар қолаби шеър баён доштааст;

Дар чанд байти аввал устод Алавӣ ба 27 соли ҳукумати белаёқати Эмомалӣ Раҳмон ишора карда, оворагию бехабарӣ аз ҳоли ватанро натиҷаи раёсатҷумҳурии ӯ медонад, ки сабаби тарки ватан кардани хешу табор ва аҳолии ватан шудааст :

Бисту ҳафт сол ба сар омаду ман дар ба дарам.

Шудам овораву аз ҳоли ватан бехабарам.

Ҳама аз хоки падар тарки иморат карданд.

Ҳаст озурдаву дилгир равони падарам.

Хешу ёрон ҳамагӣ бори сафар барбастанд,

Оҳи модар шуда чун доғ ба рӯйи Қамарам.

Дар байтҳои баъдӣ, Абдулқодир Алавӣ аз ғарибӣ ва дур будан аз ватану ёрон шикоят карда, худро зинда медонад, аммо зиндае, ки аз ғарибӣ ва ҳоли ғарибона сахт ба танг омада, дилаш реш-реш гаштааст:

Дур аз меҳану ёрони ватан зинда ҷудо,

Аз чунин ҳоли ғарибона чи хунинҷигарам.

Дар идома, аз сарнавишти бепоёни ғарибона гилоя карда, лаб ба шикоят мекушояд ва изҳор медорад, ки ин ғарибӣ магар поён надорад! Дар ҷавобаш бояд гуфт, ки поёни ғарибӣ замоне аст, ки Эмомалӣ Раҳмони нолоиқи белаёқат бо тираю тоифааш сарнагун шавад, решаашон аз ҳукумати Тоҷикистон канда шавад, шахси лоиқу дилсузе бар сари кор ояд, он вақт аст, ки “сафи кӯчидани мо” ба сар расаду ғарибию муҳоҷирату дур аз ватанӣ поён ёбад:

Сафи кӯчидани моро магар охир набувад?

Меравад аз пайи ин кӯч сиришк аз басарам.

Дигар ин шоми ғарибон шуда ҳамсояи ман,

Ғусаву ғам шуда ҳам ҳамдаму ҳам ҳамсафарам.

Абдулқодир Алавӣ дар байтҳои баъдӣ ба вазъити муҳоҷирони кории тоҷики Русия ишора карда, тарсу ҳаросу дилҳураро табалвур намудааст. Ӯ оварда аст, ки дар шаҳри бегона, ҳар касу нокасаш (русҳо) ба муҳоҷирони корӣ бо дидаи нафрату инзиҷор менигаранд, ва чунон сиёсати бегонаҳаросӣ дар он ғавғо дорад, ки инсон аз тарсу дилҳура, аз сояи худ дар ҳазар шуда, ҳар лаҳза интизори бадбахттарин ҳодиса аст, ҳатто агар дар хонаи худ бошад:

Шаҳри бегонаву пурғулғулаву пурғавғо,

Одамӣ чист, ки аз сояи худ дар ҳазарам.

Ҳар қадам шуставу ношуста ба рӯям нигарад,

Дилам оташ шаваду дуд кунад мағзи сарам.

Вой бар ҳоли ману вазъи парешонии халқ,

Мурғи уфтода ба дом, баста ҳама болу парам.

Дил дар ин кунҷи қафас сахт ба ҷон омадаст,

Гӯйи дар хона гирифтор ба хафву хатарам.

Хуни дил хӯрда вале, бандаи нокас нашавам,

Алиям, оташи номӯс бувад тоҷи сарам.

Манбаъ: Саҳифаи Фейсбуки устод Абдулқодир Алавӣ. Ин шеър 16 феврали 2020 навишта шудааст ва 17 феврал устод Абдулқодир Алавӣ онро дар саҳифааш мунташир кардааст.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ: шарҳи шеър ва татобуқи он ба Эмомалӣ Раҳмон таровуши зеҳнии инҷониб аст ва ҳеҷ рабте ба устод Абдулқодир Алавӣ надорад. Масъулияти он ба уҳдаи инҷониб (Сиддиқи Акбар) аст!

Сиддиқи Акбар.

general.images