Даргузашти хоҳарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳиҷрат

Муҳаммадсаид Шехов, писари хоҳари асосгузори ҲНИТ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи 7 октябр бар асари сактаи қалб дар синни 47 ва дар ғарибӣ ва ҳиҷрат аз олам чашм пӯшид.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои сомонаи Ахбор, Муҳаммадсаид Шехов, писари хоҳари асосгузори ҲНИТ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи 7 октябр бар асари сактаи қалб дар синни 47 ва дар ғарибӣ ва ҳиҷрат аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи ӯ рӯзи 14 октябр дар масҷиди ҷомеи Kocatepe Camii дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор мешавад.Наздикони Муҳаммадсаид Шехов, ҷияни асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки ӯ субҳи 7 октябр ба таври ногаҳонӣ аз олам чашм пӯшидааст.Биҳиштӣ Нурӣ, писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки низ дар Олмон паноҳҷӯст, ба "Ахбор” гуфт: "Субҳи барвақт хеста намози бомдодро мехонад ва баъди намоз аз по меафтад. Бар асоси ташхиси аввалияи табибон, сабаби марги Муҳаммадсаид сактаи қалб будааст.”Муҳаммадсаид Шехов соли 1971 дар минтақаи Заргар дар наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ҳамагӣ 21 сол дошт, ки Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва Муҳаммадсаид дар қатори садҳо ҳазор нафари дигар ба Афғонистон ҳиҷрат кард.Баъди имзои созишномаи сулҳ Муҳаммадсаид Шехов ба Тоҷикистон баргашт ва бо аҳли хонаводааш дар маҳаллаи Навобод дар канори шаҳри Ҳисор маскун шуд.Ба муҳоҷирати корӣ мерафт ва аз ҳисоби пешааш, ки ҳисобдорӣ буд, рӯз пеш мебурд.Соли 2015 баъди манъи фаъолияти ҲНИТ, ки Муҳаммадсаид Шехов узви он буд, ӯ дубора рӯ ба ҳиҷрат овард ва дар Олмон паноҳҷӯ шуд. Ҳамроҳи Муҳаммадсаид 4 бародараш низ паноҳҷӯ шудаанд.Аммо ин се соле ки Шехов дар Олмон ба сар бурд, аз хонаводааш ҷудо буд. Ҳамсар ва 4 фарзанди ӯ дар Тоҷикистон мондаанд ва иҷозати рафтан ба пеши ӯро надоштанд.Ҷамъияти тоҷикони Олмон "Нур” хабар дод, ки маросими ҷанозаи Муҳаммадсаид Шехов рӯзи якшанбе, 14 октябр, соати 12 дар масҷидиҷомеи Kocatepe Camiiдар нишонии Schlosserstr,45. 44145 Dortmund баргузор мегардад.Асосгузори ҲНИТ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 дар синни 59 баъд аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ 5 писар ва се духтар дошт.Дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 аксари аъзои хонаводаи Нурӣ ва хешу табори ӯ тарки Тоҷикистон карданд.Ҳоло се фарзанди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ – Неъматуллоҳ, Ҳикматуллоҳ ва Ҳусейн ва як хоҳари онҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондаанду халос. Ҳамсари Нурӣ дар Теҳрон ба сар мебарад. Писараш Муҳаммадҷон дар Фаронса ва писари дигараш Биҳиштӣ дар Олмон паноҳҷӯ шудаанд.

general.images