Далелҳои бединӣ ва беимонии Э.Раҳмон ва С.Ятим\ Нома ба бехабарон ва чоплусон (бозпахш)

Далелҳои бединӣ ва беимонӣ ва душмании Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим нисбат ба Ислом\ Нома ба бехабарон ва чоплусон

Инҷониб (Сиддиқи Акбар) рӯзи 09,07,2018 бо истинод ба сомонаи Озодӣ мақолае таҳти унвони “Тавсияи Озодӣ ба Қирғизистон: (дар динситезӣ) аз Тоҷикистон ва аз Э.Раҳмон “ибрат” гиред!” дар фейсбук нашр кардам, ки се рӯз баъд аз он яъне 12,07,2018 Зафар Мирзоён дар вокуниш ба мақолаи инҷониб мақолаеро таҳти унвони “Мусулмонии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов. Нома ба тоҷикситезон” навишт.

Ӯ дар ин мақола талоши фаровон ба харҷ додааст то ба истилоҳ мусулмонии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимро гӯшзад кунад, аммо суханон ва далелҳояш сустар аз хонаи анкабут аст ва саросари мақолаи ӯ иддаои сирф, пуч, беасос ва бедалел аст.

Инҷониб бар онам, ки далелҳоеро бар Исломситезии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим ба риштаи таҳрир дароварам ва тақдими хонандагон кунам.

Пеш аз вуруд ба баҳс бояд гуфт, ки дар додгоҳ инсонро бар асоси суханаш ҳукм намедиҳанд, балки бар асоси коре ки кардааст, ҳукмашро мебароранд. Ҳамаи муҷримҳо ҷурми худро инкор мекунанд ва бо сухан худро бегуноҳ мебароранд, аммо қозӣ бо баррасии парвандаи ӯ ва коре ки ӯ анҷом додааст, ҷурмашро исбот ва ҳукмашро мебарорад. Ва ин яъне сухан аз диди уқало ва оқилони олам далел нест, балки амал, рафтор ва кирдори инсон далел бар шахсияти ӯст.

Сухан ё амал? Аз назари Қуръон кадомаш баҳодиҳӣ мешавад?

Аз назари Қуръон номаи аъмол бар асоси амал ва кирдори инсон аст. Яъне агар инсон ҳазор иддаои Ислому мусулмонӣ дошта бошад, аммо агар амал надошта бошад, иддаояш беарзиш аст. Худованд дӯзаху биҳиштро натиҷаи рафтор ва амали инсон медонад, на сухан. Сураи Қориа, Зилзол, Саф ва даҳҳо сураи дигар бар ин далел таъкид доранд. Дар сураи Қориа мефармояд:

“Касе ки номаи аъмолаш сангин шавад, ӯ дар зиндагии осоиштаву олӣ ба сар мебарад. Ва аммо касеки номаи аъмолаш сабук шавад, ҷойгоҳаш ҳовия (дӯзахи сӯзон) хоҳад буд. (Қориа ояти 6-9).

Дар сураи Зилзол мефармояд:“Ҳар касе заррае аз кори хайр карда бошад, онро мебинад. Ва ҳар касе заррае аз кори бад карда бошад, мебинад онро” (сураи Зилзол, ояти 7-8).

Дар сураи Саф мефармояд:“Худованд бисёр хашмгин мешавад аз инки инсон сухане бигӯяд, ки худ амал накунад” (сураи Саф ояти 3).

Садҳо ояти дигар дар ин мавзӯъ ҳаст, аммо мо ба хотири адами итолаи матлаб ба ин миқдор оятҳо иктифо мекунем. Ҳамон тавре ки мебинед, дар оятҳои мазкур, Худованд аз инсон амалро мепазирад, на суханро!.

Яъне амал, рафтор, кирдор ва гуфтори инсон аст, ки номаи аъмоли ӯ ва тарозуи аъмоли ӯро ташкил медиҳад ва натиҷаи ин амалҳост, ки инсонро ба биҳишт ё ба дӯзах равона мекунад. Натиҷаи ин оятҳо ин аст, ки амал арзиш ва моҳияти диндории инсонро маълум ва мушаххас мекунад. Ва бар асоси аъмол аст, ки диндорӣ ё бединии инсон мушаххас мешавад.

Инак, мо амал, рафтор ва кирдори Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимро бар асоси дидаҳои худ баррасӣ мекунем ва мизони диндорӣ ё бединии онҳоро бар асоси аъмолашон месанҷем, ки Қуръон шохиси диндорӣ ва бединии инсонро амал қарор додааст.

Рафтор, кирдор ва амали Эмомалӣ Раҳмон

Инҷониб дар навиштаҳоям Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимро ИСЛОМСИТЕЗ, МУЛҲИД, ЗИДДИ ДИН ва БЕДИН хондаам. Далели инҷониб бар иддаоям кирдори ин афрод нисбат ба Ислом аст, ки худ ба худ Исломситезӣ ва душманӣ бо Исломро ба зеҳн тадоъӣ мекунад. Ин кирдорҳо иборатанд аз:

1.Манъ кардани азон (зикри Худо)

Эмомалӣ Раҳмон бо сохтакорӣ шахсеро аз ҷо хезонд ва гуфт чӣ шикоят дорӣ? Он шахс дар ҷавоб гуфт: азон (ба хоби ширини мо) озор мерасонад. Э.Раҳмон дастур дод, ки азон манъ карда шавад. Худованд дар ояти 114 сураи Бақара касеро, ки аз зикри Худо (азон) манъ мекунад, золимтарин шахси рӯи замин муаррифӣ мекунад. Золим лаънатшудаи Худованд аст.

2.Манъи масҷид ва бастани дари “Хонаи Худо" дар замин;

Худованд дар ояти 114 Бақара, шахсеро ки монеи масҷид мешавад (яъне масҷидро мебандаду вайрон мекунд ва...) ситамгартарин шахси рӯи замин мешуморад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим дар чанд соли ахир тибқи чизе ки худамон бо чашмамон дидем ва ё аз афроди муътабар ва аз ВАО шунидем, беш аз даҳ ҳазор масҷиду мадрасаро дар саросари Тоҷикистон ба баҳонаи надоштани ҳуҷҷат бастанд, табдил ба тарабхона карданд ва...

3.Тарвиҷи рақсу фасоду шаҳватронию бебандуборӣ;

Тарвиҷи рақсу фасод, чизе аст, ки Ислом бо он ба шиддат мухолиф аст ва фасодгару фасодгустарро сазовори қатлу дӯзах медонад. Ин нукта дар сураи Моида ояти 33 омадааст, ки мефармояд: “Ҳамоно ҷазои касоне ки ... талош мекунанд дар замин фасодро паҳн кунанд ва фасодгустар бошанд, ин аст ки .... хории дунё ва охират аст”.

Ҳамон тавр, ки худамон дидем, Эмомалӣ Раҳмон бо рақсу дубурҷунбоние ки дар туйи Рустам ва дар ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳ дошт, фасоду рақсу дубурҷунбониро ба намоиш гузошт то дигар мардум ҳамчун “пешво” аз ӯ пайравӣ кунанд.

4.Зидди Қуръон ва сираи ҳазрати Муҳаммад (с) сухан гуфтан;

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае, ки пеш аз моҳи мубораки Рамазони имсол (2018) дошт, сухане гуфт, ки зидди Қуръон ва зидди сираи Пайғамбари азимуш-шаъни Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) буд. Он сухани газофу музахраф ин буд, ки беш аз 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон набояд рӯза гиранд.

Ин сабукмағзи сангдили Исломситез, ки мағзи гунҷишкмонанде дорад ва андозаи ҳатто як гунҷишк ҳам фаҳмиш надорад, зидди Қуръон ва зидди Сираи Пайғамбар (с) фатво медиҳад. Агар шароити сахту тобистони гарм ҷавозе бар рӯзахӯрӣ мебуд, ҳазрати Муҳаммад (с) чени ту фаҳмиш надошт, ки дар шароити гарми тобистони Ҳиҷоз (Арабистон) дар моҳи Рамазон шамшер бар даст бо қӯти андак дар майдони ҷанг ҳозир буд ва ҷанги Бадр, Табук ва Фатҳи Макка ноил шуд, аммо ин сахтиҳоро ҷавоз бар хӯрдани рӯза надонист ва ба ҳамаи муҷоҳидон дастур дод, ки моҳи шарифи Рамазонро рӯза бидоред!.

5.Сатру ҳиҷобро ки дар Қуръон омадааст, либоси бегона муаррифӣ кард;

Эмомалӣ Раҳмон сатру ҳиҷобро либоси бегона (яъне либоси душман) муаррифӣ карда, мубориза бо онро пурзур кард. Алайҳи сатрдорону ҳиҷобдорон тафтишот рафт, аз донишгоҳу мактаб онҳоро пеш карданд. Чанд оят дар Қуръон аст, ки ба ояти ҳиҷоб ва сатр маъруф аст ва дар он аз пӯшиши занон ва сатру ҳиҷоб сухан меравад.

Сатр ва ҳиҷоб ояти Қуръон аст ва онро бегона донистан, бегонагӣ ва дурӣ ва душманӣ бо Қуръон аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дониста алайҳи он мубориза бурд. Оятҳои ҳиҷоб иборатанд аз: сураи Нур ояти 31, сураи Аҳзоб ояти 59.

Аз ҳамаи оятҳо ва матолиби дар бологуфта шуда ва кирдори Эмомалӣ Раҳмон метавон ба ин натиҷа расид, ки Эмомалӣ Раҳмон шахси бедину беимон ва душмани ашаддии ИСЛОМ аст; чароки бо амали худ бо манъи азону масҷид, тарвиҷи рақсу фасод, мубориза бо сатру ҳиҷоб ва либоси бегона хондани он зидди Қуръон ва сираи Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба ҷанг бархост ва ин яъне инки бединӣ ва душмании худ бо Ислом ва Исломситезиро ба имзо расонд, ки Саймумин Ятимов бо амалӣ кардани дастуроти Эмомалӣ Раҳмон шарики бединӣ, беимонӣ ва душмании Э.Раҳмон бо Ислом гашт.

Оятҳои дар бологуфташуда ва далелҳои мазкура инҷонибро ба бедин, мулҳид, атеист, Исломситез ва душмани Ислом будани Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим мутақоид кард.

Хабарнигори хабаргузории Востокнюз:Сиддиқи Акбар

general.images