Далели дигар бар душмании режими Раҳмон бо Ислом; ҷаримаи намозхонӣ 12 ҳазор сомонӣ

Куфр, бединӣ ва душманӣ бо Худо, Ислом, Қуръон, ҳазрати Муҳаммад (с) ва дигар намодҳои динӣ аз ин равшантар намешавад, ки дар кишваре ки беш аз 90 % аҳолиаш мусулмонанд, аз намоз хондан манъ шаванд ва барои баргузории намоз 12 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд!

Дар ҳадис омадааст, касе ки намозро тарк мекунад... кофир аст!. Дар бораи ин ҳадис як суол мешавад, агар касе ки ҳазорон нафарро аз намозу масҷиду сатр манъ кунад ва ҷаримаҳои ҳангуфту таҳдид ба таҷовуз кунаду мусулмононро аз он манъ кунад, чӣ ҳукме дорад?

Ҷавоб равшан аст: агар тарки намоз куфр бошад, касе ки ҳазорон мусулмонро аз намоз манъ мекунад ҳазор бор бештар аз кофиру бадтар аз худи шайтон аст. Шайтон ки ин ҳама лаънату раҷим хонда мешавад, суроғи як нафар рафта, як нафар як нафарро аз намоз манъ мекунад, аммо Эмомалӣ Раҳмон бо пайравонаш даҳҳо ҳазор инсонро аз намоз бозмедоранд, ки ҳазор шайтонро устод мешаванд ва шайтон гумроҳ карданро бояд дар пеши Эмомалӣ Раҳмону Саймумин Ятим зону зода дарси шайтонӣ ва гумроҳгардонии анбуҳро ёд гирад.

Ҳаққ аст, ки мегӯянд инсоне монанди Э.Раҳмон ва С.Ятим дар даноату пастӣ чунон паст мешавад, ки ҳазор шайтонро устод мегардад ва шайтони Иблис аз найранг ва макри онҳо ҳайрон шуда, ба шайтанат, гумроҳгардонӣ, васвасаангезӣ ва душмании худ бо Худо ва Ислому мусулмонон шак мекунад!.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Mақомоти қудратии Тоҷикистон ба соҳибони ошхонаҳое, ки ифтор баргузор мекунанд, дастур додаанд, ки ба муштариёни худ иҷозати намоз хонданро дар ошхонаҳо надиҳанд, вагарна соҳибони ошхонаҳоро метавонанд ба маблағи аз 12 то 20 ҳазор ҷарима банданд. Соҳибони ошхонаҳову тарабхонаҳои Душанбе иқрор мекунанд, ки онҳоро бо таҳдиди чунин ҷаримаҳои ҳангуфт ҳушдор додаанд, ки ба муштариёнашон хондани намозро ба ҳеҷ сурат иҷозат надиҳанд.

Сиддиқи Акбар

general.images