Дагир Хасавов: “Дар бораи корҳои ваҳшиёнаи фашистҳои Раҳмон дар Тоҷикистон”

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Паём меоварад, ки Дагир Хасавов дар саҳифаи фейсбуки худ матлаберо чоп кардааст, ки ба гӯшу чашми шумо мерасонем. Ин матлабро хабаргузории Паём дар сайти худ ба забони аслӣ ва асли мақоларо чоп кардааст, ки сайти Востокняз онро ба тоҷикӣ тарҷума карда, тақдиди хонандагони тоҷикзабон мекунад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Паём меоварад, ки Дагир Хасавов дар саҳифаи фейсбуки худ матлаберо чоп кардааст, ки ба гӯшу чашми шумо мерасонем. Ин матлабро хабаргузории Паём дар сайти худ ба забони аслӣ ва асли мақоларо чоп кардааст, ки сайти Востокняз онро ба тоҷикӣ тарҷума карда, тақдиди хонандагони тоҷикзабон мекунад.

Дагир Хасавов: “Дар бораи корҳои ваҳшиёнаи фашистҳои Раҳмон дар Тоҷикистон”! Дӯстони азиз! дирӯз аз Тоҷикистон барои ман як сурате фиристодаанд, ки чанд нафар ба таври ваҳшиёна қатл шудаанд. Режими хунхори Раҳмон онҳоро бераҳмона ба қатл расондааст, ки ман дирӯз бо далоили фанӣ натавонистам ин суратро пахш кунам.

Дар байни шиканҷашудагон ва кушташудагон, ки дар сурат номҳояшон навишта шудааст, ду бародар (бародари калон Раҳим ва хӯрдӣ Ҳаёт) ва як бародари дигари собиқ муовини Вазири Дифоъи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода аст.

Оё ӯ – собиқ қаҳрамони миллӣ, муҷоҳид, инсони боифтихору боиззат− ки ба хотири сулҳ дар сарзамини аҷдодии худ ва пас аз ҷанги фалокатбори дарози шаҳрвандӣ, ки миллати тоҷик якҷо шуданд ва қудрат низ якҷо шуд, адолату қонун мешавад гуфта, ба Раҳмон пайваст ба ваъдаи Раҳмон бовар карда, ба тарафи ӯ гузашт, ба фикраш мегузашт, ки Раҳмон бо ӯ  ва оилааш ин хел корҳои ноҷавонмардона анҷом диҳад?

Ин сарнавишт дар интизори ҳамаи касоне аст, ки чоплусӣ карда, Раҳмонро лаганбардорӣ мекунанд.

Раҳмониҳо онҳоро шиканҷа карда, тирборон карданд. Кӯдакони бегуноҳро, монанди фашистҳо бе муҳокима ва суд ваҳшиёна паронданд. Раҳмон ва лаганбардоронаш ҳамучунон аз байн бурдани мардум ва пояҳои истиқлолияти Тоҷикистонро давом медиҳад.

Бинобар ин, тасодуфӣ нест, ки коршиносони «Валдай»  дар Русия, барои аввалин бор ошкоро эълом карданд, ки Тоҷикистон муртакиби фоҷеае мешавад, ки ҳам оромию осоиши миллати худро таҳдид мекунад ва ҳам инки Русияро ба хатар меандозад.

Имрӯз, теъдоде аз генералҳои тоҷик дарк кардаанд, ки фардо ин бало  (балое ки бар сари Назарзода ва наздиконаш омад) бар сари зану фарзанд ва хоҳару бародари онҳо низ меояд ва онҳоро низ аз байн мебаранд. Режими Раҳмон режиме аст, ки заррае раҳму дилсӯзӣ ба аҳаде надорад ва ягон чиз ӯро монеъ намешавад, ҳамонтавре ки ҷаллодони Раҳмон ҳатто ба духтари бордори Назарзода раҳм накарданд, духтаре ки дар бачадонаш бача дошт, ҳам худашро ва ҳам бачаи дар ишкамбударо шиканҷа карда, ток монда, ваҳшиёна ба қатл расонданд.

Оё баъд аз инки қассобон ва ҷаллобони Раҳмон ин аъмоли ваҳшиёна ва ғайриинсониро анҷом доданд, шумо инҳоро одамӣ меҳисобед?? Ман дар  инсон буданашон шак дорам, шакке ки  яқинан рӯзе мубаддал ба ҳақиқат мешавад!

general.images