Гузориши Тасним аз муносибатҳои “Исроил” ва Тоҷикистон

Ба назар мерасад аз соли 2015 ва тирагии тадриҷии равобити Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳазфи гурӯҳҳои исломгаро дар ин кишвар, фазои муносибе барои ҳузури пурранги “Исроил” дар ин кишвар фароҳам шуда бошад.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Тасним, бо пошхурии СССР, режими саҳюнистӣ, ки баъд аз инқилоби исломӣ дар Эрон ба хубӣ мутаваҷҷеҳ шуда буд, ки фароянди машрӯъиятёбиаш дар миёни кишварҳои исломӣ –ки аз қарордоди Кампдевид оғоз шуда буд- бо чолише ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст, кишварҳои тоза истиқлолёфтаи мусалмон дар Осиёи Марказиро фазои муносибе барои ҳузур ва нуфузи худ дид. Аз ин рӯ, аз бадви истиқлоли ин кишварҳо барои барқарории муносибатҳои дипломатик ва ҷалби назари ҳокимони ин кишварҳо, талошҳоеро оғоз кард.Илова бар ин, геоплотики мунҳасир ба фард ва манобеъи саршори Осиёи Марказӣ, дар канори торихи ҳузури яҳудиёни бухороӣ дар ин минтақа, ангезаҳои ин режимро дар ин замина дучанд мекард.Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ин ҷумҳуриҳо буд. Яҳудиёни ҳозир дар Тоҷикистон аз ду дастаи яҳудиёни бухороӣ ва яҳудиёни ашкинозӣ ҳастанд. Ҳамонтавр, ки зикр шуд, яҳудиёни бухороӣ торихи тӯлонии ҳузур дар ин минтақаро дошта ва дар ҳақиқат ҷузви мардуми бумии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меоянд, аммо яҳудиёни ашкинозӣ бештар тайи ҷанги ҷаҳонии дуюм аз манотиқи Аврупои Шарқӣ ба ин ҷумҳурӣ муҳоҷират карда буданд.Тайи даҳаҳои 70 то 80-и асри гузашта теъдоди зиёде аз яҳудиёни Тоҷикистон ба “Исриол” муҳоҷират карданд. Пас аз истиқлол низ бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ ва шароити сахти зиндагӣ барои мардуми ин кишвар, яҳудиёни дигаре низ бо мушоҳидаи вазъияти ноамнӣ ва фақри мавҷуд, бори дигар тасмим ба муҳоҷират ба кишварҳои ҳамсоя ва ё “Исроил” гирифтанд. Албатта “Исроил” низ дар ин замон фаъол буда ва гуфта мешавад дар соли 1992, чандин парвоз ва амалиёти махфӣ барио интиқоли яҳудиёни тоҷик ба “Исроил” сурат гирифтааст.Илова бар собиқаи ҳузури яҳудиён, наздикиҳои фарҳангии тоҷикон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон низ боис шуда буд то назари саҳюнистҳо ба Тоҷикистон ҷалб шавад. Аз ин рӯ, “Исроил” дар ҳамон соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт.Албатта бояд ба ин ин нукта низ ишора кард, ки ҳимоятҳои низомӣ ва луҷестикии СССР аз арабҳо дар ҷангҳои 1967 ва 1973 бо “Исроил”, омили дигаре буд то режими саҳюнистӣ истиқлоли ин кишварҳо ва фурӯпошии Шӯравиро ба суръат ба расмият бишиносад. Ба ҳар ҳол равобити дипломатики “Исроил” ва Тоҷикистон аз 26-уми марти 1992 оғоз шуд.Дар он замон, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз сулҳу субот барқарор нашуда буд ва бо таҳаррукоти коммунистҳо ва ба вижа “Фронти халқӣ”, зимзимаҳое аз шиддат гирифтани бӯҳрон ба гӯш мерасид, “Исроил” тарҷеҳ дод сафораташро дар Тошканд (ки шумори бештаре аз яҳудиёнро дар худ дошт) бозгушоӣ кунад.Аз ин рӯ, дар октябри соли 1993 сафорати “Исроил” ба марказияти Тошканд таъсис шуд ва Амӣ Мэй сафири ғайримуқими ин режим дар Тоҷикистон шуд. Пас аз он низ “Исроил” аз 1993 то кунун 9 сафири ғайримуқими дигар барои Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.Дар хилоли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, замоне, ки даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ миёни нерӯҳои ИНОТ ва режими кунунӣ кушта мешуданд ва беш аз 800 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя ва ба вижа Афғонистон муҳоҷират карда буданд, Эмомалӣ Раҳмон, ки тавониста буд бо ҳимояти “Фронти халқӣ” ва ба роҳ мондани ҷанги шаҳрвандӣ ба қудрат бирасад, нахустин гомҳоро барои таҳаввул дар муносибатҳои сиёсӣ бо “Исроил” бардошт.Дар ҳамин росто, дар хилоли 50-умин солгарди таъсиси СММ, ки дар ҳошияи маҷмаъи умумӣ сурат гирифта буд, Эмомалӣ Раҳмон бо Исҳоқ Робин, сарвазири вақти “Исроил” дидор кард. Албатта пас аз он бо поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон бо нақшофаринӣ ва кафолати мустақими Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ба дунболи он қонунӣ шудани ҳузури ҳизбҳои исломгаро, ҳамчун ҲНИТ, фурсатҳои “Исроил” барои ҳузур дар Тоҷикистон каме маҳдуд шуд.Бо ин ҳол, дидори дигари Раҳмон бо мақомоти саҳюнист, дар 17-уми июни соли 2006 дар Алмаато, бо Шимон Перез, ки дар он замон муовини сарвазири “Исроил” буд, сурат гирифт.Бо ин ҳол бино ба гузорише, ки дар сайти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, ҳанӯз пояи ҳуқуқӣ дар равобити “Исроил” ва Тоҷикистон вуҷуд надорад ва сирфан як ёддошти тафоҳум барои машваратҳои дуҷониба байни вазоратхонаҳои корҳои хориҷаи ду тараф вуҷуд дорад, ки дар торихи 27-уми феврали соли 2013 дар Душанбе ба имзо расидааст.Албатта бо диққати бештар ба таҳаррукоти “Исроил” дар Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ мешавем, ки муносиботи ду тараф аз ҳамин соли 2013 дар буъдҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба тадриҷ дар ҳоли густариш буда ва таҳаввули қобили фаҳмеро шоҳид ҳастем. Дар ҳамин росто буд, ки сохтумоне аз сӯи раиси Ориёнбанк, Ҳасан Асадуллозода (додарарӯси Раҳмон) барои канисаи яҳудиён ихтисос ёфт. Илова бар ин, дар ин замин талошҳои зиёде барои барқарории парвози мустақим миёни Душанбе ва Тел-авив низ сурат гирифтааст.Таҳлилгарон ин масъаларо ибрози тамоюли тоҷикҳо барои ҷалби назари тоҷирон ва сармоядорони бонуфузи яҳудӣ унвон мекунанд.Дар июни соли 2016 низ як ҳайъати порлумонӣ аз режими саҳюнистӣ бо ҳузури Шерин Ҳаскил, раиси гурӯҳи дӯстии порлумони “Исроил” ва Тоҷикистон, Юсуф Ённа намояндаи Кнессети “Исроил” ва Кармила Шамир, сафири ин режим дар Тоҷикистон ба Душанбе (мақарраш дар Тошканд) сафар карданд.Ба гузориши Форс, тайи дидори Шукурҷон Зуҳуров бо ҳаъати “Исроил”, ибрози майли Тоҷикистон барои тавсеъаи муносибатҳо бо “Исроил” расман эълом шудааст. Дар ин дидор бо имзои чандин тавофуқномаи муштарак, нахустин пояҳои ҳуқуқӣ дар равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду тараф эҷод шуд.Дар соли 2014, ҳаҷми табодулоти тиҷории Тоҷикистон ва “Исроил” ҳудуди 352 ҳазор доллар буд, ки дар он 23 ҳазор доллар содироти Тоҷикистон ва боқии 325 ҳазор доллар, воридоти ин кишвар аз “Исроил” будааст. Агарчи омори дақиқе аз муносиботи иқтисодии Тоҷикистон ва “Исроил” дар даст нест, аммо дар солҳои баъд бо вахимтар шудани авзоъи иқтисодии ин кишвар ва коҳиши маҳсус дар тавлиди нохолиси дохилии он, мубодилоти тиҷорӣ бо “Исроил” коҳиш ёфт.Бо ин ҳол аммо, ҳануз ҳавзаи об дар Тоҷикистон аз ҷаззобияти бисёр болое барои “Исроил” бархӯрдор аст. Тайи конфронси байналмилалии об дар ҳавзаи бӯҳрони об, ки дар соли 2016 ба мизбонии Душанбе баргузор шуд, ҳайъате аз режими саҳюнистӣ низ дар он ҳузур ёфта ва дидорҳое бо мақомоти тоҷик доштанд. Маъданҳои урониюми Тоҷикистон низ дигар масъалаи муҳим дар муносиботи иқтисодии Тоҷикистон ва режими саҳюнистӣ аст.Ба ҳар тартиб ба назар мерасад аз соли 2015 ва тирагии тадриҷии равобити Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳазфи гурӯҳҳои исломгаро дар ин кишвар аз ҷумла ҲНИТ, фазои муносибе барои ҳузури пуррангтари “Исроил” дар ин кишвар фароҳам шуда бошад. Аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон, ки ах соли 2010 ва пас аз тасвиби протоколи 3220 иқдом ба ҳазфи тамоми гурӯҳҳои мухолиф карда, дар канори дигар мушкилот аз ҷумла масоили иқтисодӣ, бо бӯҳрони машрӯъият дар дохил ва фишорҳои байналмилалӣ дар ҳавзаи ҳуқуқи башар аз хориҷ рӯбарӯ шудааст.Аз ин назар, барқарории муносиботи иқтисодӣ ва сиёсии густарда бо “Исроил” метавонад бо фаъол кардани лобиҳои саҳюнистҳо, илова бар ҷалби назари кишварҳои ғарбӣ барои афзоиш ва идомаи кӯмакҳои хориҷӣ, аз фишорҳои ворид омада дар хусуси ҳазфи мухолифини худ, бикоҳад.

general.images