Генерал Рустамзода: Кормандони “УБНОН” боздошт нашудаанд

Генерал-майор Мустафо Рустамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, (УБНОН) бо нашри як иттилоия боздошти 4 кормандашро дар вилояти Хатлон рад намуд.

Генерал-майор Мустафо Рустамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, (УБНОН) бо нашри як иттилоия боздошти 4 кормандашро дар вилояти Хатлон рад намуд. Дар изҳороти кӯтоҳе, ки аз қавли генерал Рустамзода, зуҳри имрӯз, 22 феврал дар сомонаи Вазорати умури дохилӣ нашр гардид, омадааст: “Хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд”.Раддияи генерал дар ҳоле нашр шуд, ки манобеи “Озодагон” мегӯянд, 4 корманди раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилӣ (УБНОН), ки ахиран аз ҷониби кормандони раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ боздошт гардиданд, раҳо шудаанд. Ба иттилои манбаъ чор корманди “УБНОН”, ки рӯзи шанбеи гузашта, бо 56 кило ҳашиш ва 9 кило героин дар ноҳияи Шӯрообод боздошт гардиданд, баъди муайян шудани асли қазия раҳо шуданд. Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки боздоштшудаҳо кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири шаҳри Душанбе будаанд: “Баъди бозпусӣ маълум шудааст, ки ин афрод, на қочоқӣ, балки ҳамчун корманди мақомот, ин миқдор маводи мухаддирро дарёфту мусодира намудаанд. Онҳо санад тартиб дода, маводи мухаддирро мусодира кардаанд. Вазифашонро аз рӯи қонун иҷро кардаанд. Баъди ин ҳар чорашон озод шудаанд”. Хабари боздошти 4 корманди “УБНОН” субҳи имрӯз, 22 феврал дар расонаҳо нашр гардид. Боздошти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон қаблан борҳо сурат гирифтааст. Шерхон Салимзода, раҳбари навтаъини Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аввали соли равон аз боздошти нашъаҷаллобони “пагондор” дар кишвар хабар дод. Ба гуфтаи Салимзода тайи соли 2015 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 10 корманди Вазорати умури дохилӣ ва мудофиа боздошт гардиданд. Ӯ бо таассуф илова намуд, баъзан масъулине, ки вазифаашон мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, худашон ба ин ҷиноятҳо шарик мешаванд. 

general.images