Гадоев: Сиёсатҳои зиддиэронӣ дар дидорҳои мақомоти тоҷик бо сафири Саудӣ тарроҳӣ мешаванд

Шарофиддин Гадоев гуфт: “Сардии равобит аз замоне оғоз шуд, ки Эрон хостори бозгашти сармояҳои Бобаки Занҷонӣ аз Тоҷикистон шуд. Ин пулҳо ба Эрон бознагашт ва талош шуд то муносибатҳо хароб шавад ва тавре масоили дигарро пеш бикашанд, ки Эрон натавонад пули худро талаб кунад.”

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Тасним, равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон тайи солҳои ахир дучори фарозу нишебҳои бисёре шудааст. Бархе таҳлилгарон танишҳои ба вуҷуд омада ва тирагии равобитро тайи солҳои пас аз истиқрори сулҳ дар ин кишвар бесобиқа донистаанд. Дар ҳамин росто шуморе аз муаллифаҳои дохилӣ ва хориҷии муассир дар ин равобит аз сӯи расонаҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ матраҳ мешавад. Дар ҳамин росто гуфтугӯе бо оқои Шарофиддин Гадоев, аз фаъолини сиёсии тоҷик ва роҳбари “Ҷунбиши мардумии ислоҳот барои рушди Тоҷикистон” тартиб додаем, ки дар идома мехонед.Тасним: Дар ибтидо лутфан аз гурӯҳи тозатаъсиси “Ҷунбиши мардумии ислоҳот барои рушди Тоҷикистон” бигӯед. Читавр шуд, ки ин ҷунбиш шакл гирифт ва чи ҳадаферо дунбол мекунад? Магар дар Тоҷикистон Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ надорем?Гадоев: Ҳадаф аз ташкили ҷунбиши рушду ислоҳоти Тоҷикистон тамаркуз бар ислоҳот дар бахшҳои иқтисодӣ ва сиёсии кишвар аст. Бале, дар Тоҷикистон Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ вуҷуд дорад, аммо мутаъассифона ин ҳизб аз ҷониби худи давлат барои хок пошидан дар чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар маъракаҳои сиёсӣ роҳандозӣ шуда ва пешниҳодоте барои ислоҳот дар масоили сиёсӣ ва иқтисодии кишвар надорад. Ҳадафи “Ҷунбиши  мардумии ислоҳот барои рушди Тоҷикистон ошкоро баён кардани воқеъиятҳо ва мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон аст ва хоҳони тағйироти куллӣ дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон барои рушди кишвар ҳастем.Ин сиёсатҳо мебоист бар асоси манофеъи миллӣ танзим шуда ва масун аз дахолати дигар кишварҳо бошад. На ба монанди вазъияте, ки имрӯз аз мудохилаи кишварҳои хориҷӣ мебинем. Дар ин ҷунбиш чеҳраҳои илмӣ, иқтисодӣ, хабарнигорон, зиёирӯён ва шаҳрвандони оддӣ, ки дидгоҳҳои муштараке барои ислоҳот ва рушди Тоҷикистон доранд, ҳузур доранд.Тасним: Шумо пеш аз ин дар Гурӯҳи 24 ҳам фаъолият доштед, ки ба ба вижа пас аз кушта шудани марҳум Умаралӣ Қувватов фаъолияти шумо дар ин гурӯҳ ҳатто пуррангтар ҳам шуд. Читавр шуд, ки аз Гурӯҳи 24 ҷудо шудед ва ин ҷунбишро таъсис кардед?Гадоев: Ҷудо шудани мо ба далели баъзе сиёсатҳое буд, ки ба хусус ҷавонон дар онҷо пеш гирифтанд. Ин сиёсатҳо бо аҳдофи мо яке набуд ва лизо берун омадем ва ҷунбиши махсуси худамонро сохтем. То кунун ҳам иқдомоти хубе дар ин муддати кӯтоҳ шудааст. Як вебсайт эҷод кардем ва дар ояндае наздик ба фикри роҳандозии барномаҳои телевизионӣ ҳастем. Талошамон ин аст то фикр ва идеяҳое, ки барои Тоҷикистон зарурӣ ба назар мерасандро баён кунем то ҳам дар муносибатҳои дохилӣ ва ҳам муносибатҳои хориҷӣ таъсиргузор бошанд.Тасним: Ҳамонтавр, ки иттилоъ доред тайи солҳои ахир ихтилофи назарҳое миёни ду кишвари Эрону Тоҷикистон ба вуҷуд омада, ки мунҷар ба тирагӣ ва коҳиши сатҳи равобити ду кишвари ҳамзабон шудааст. Таҳлили шумо аз ин равобит чист?Гадоев: Бибибнед, як асли куллиро набояд дар равобити Эрону Тоҷикистон аз назар дур дошт. Он ҳам ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон мардуми Эрону Афғонистонро бисёр дӯст доранд. Чаро ки мо таърих, фарҳанг ва забони муштарак дорем. Ин арзишҳо барои мардуми Тоҷикистон ва Эрон бисёр бепоён аст.Мардуми Тоҷикистон ҳечгоҳ намехоҳад бо Эрон чунин муносиботе вуҷуд дошта бошад. Дар ҳақиқат мардум манофеъе дар коҳиш ва қатъи равобит надоранд ва мехоҳанд равобит дӯстона буда ва пайвандҳои маҳками иқтисодӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ вуҷуд дошта ва имтиёзоти зиёде ба шаҳрвандони дутараф дода шавад. Аммо мушкил аз бархе мудохилагарон аст.Ин афрод бо додани маблағ ва бо дастгирӣ кардан аз баъзе сиёсатҳои давлати Тоҷикистон талош мекунанд равобити ду кишвари Эрону Тоҷикистон рӯ ба сардӣ гузорад. Ҳамчунон, ки имрӯз мебинем дар бисёре аз кишварҳо саъй мекунанд ҳамлаи таблиғотӣ алайҳи Эрон анҷом диҳанд ва мехоҳанд дар Тоҷикистон ҳам ин ҷараёнро роҳандозӣ кунанд. Ин як стратегия ва барномаи калон аст.Тасним: Чаро Тоҷикистон? Ба назаратон кишваре монанди Тоҷикистон, ки чунин пайвандҳо ва иштирокоти зиёде бо Эрон дошта ва миёнҷигарии Эрон дар сулҳро таҷриба карда, барои иқдом алайҳи Эрон мантиқӣ аст?Гадоев: Хуб иллати интихоби онҳо фақат ин мавзӯот набуда. Онҳо ба хубӣ аз тазъифи пояҳои мардумии давлате, ки 26 сол аст дар Тоҷикистон рӯи кор омада ва боқӣ монда ҳам иттилоъ доранд. Медонанд, ки мушкилоти иқтисодии зиёде дар давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад ва аз тариқи бастаҳои иқтисодӣ ва кӯмакҳои молӣ ворид мешаванд. Лизо мебинем, ки давлат ҳам ба хотири манофеъи иқтисодӣ ва бидуни дар назар гирифтани пайвандҳои дерина миёни мардуми ду кишвар тан ба ин бозии хатарнок медиҳад.Тасним: Давлати Тоҷикистон аммо нақши ин омилҳои хориҷиро рад карда ва мегӯяд ҳимояти Эрон аз ҲНИТ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти он иллати аслии сардии равобит аст.Гадоев: Бибинед, масъалаи ҲНИТ як баҳона буд барои пғшиши масоили дигар. Агар мо сард шудани равобити Эрону Тоҷикистонро дақиқтар баррасӣ кунем, мебинем, ки пеш аз баста шудани ҲНИТ буд. Бахше аз ин масъаларо бояд дар бозгардоондани беш за 1 миллиард аз пулҳои сармоядорони эронӣ дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ кард. Ин пулҳо воқеъият буданд, афсона нестанд.Ман худам фаъоли иқтисодӣ ва соҳибкор будам дар Тоҷиистон ва ба хубӣ медидам, ки ин пулҳо вуҷуд дошт. Аммо сардии равобит аз замоне оғоз шуд, ки Эрон хостори бозгашти сармояҳои Бобаки Занҷонӣ аз Тоҷикистон шуд. Чун ин пулҳо ба Эрон бозгардонда нашуд ва талош шуд то бар пояи ҳамин муносибатҳо хароб шавад ва тавре масоили дигарро пеш бикашанд, ки Эрон натавонад масъалаи пулро талаб кунад.Аз ҳамин ҷиҳат шурӯъ карданд ба гуфтани матолиби мухталифе, ки шумо дар ҷанги дохилии мо мудохила кардед, фалон одамҳоро куштед ва мавориде аз ин қабил. Инҳо танҳо барномаҳои дурӯғе буданд, ки мехостанд афкори умумиро аз мушкили асосӣ (2 миллиард доллар ва балки бештар) мунҳариф созанд.Омили дигар ҳам ин буд, ки кишварҳои мухолифи Эрон бо дидани ин фазо вориди ин бозӣ шуданд ва аз давлати Тоҷикистон ҳимоят карданд; аммо бояд дубора ишора кунам, ки ин тирагиҳо танҳо миёни давлатҳо аст ва байни мардум нест. Ман бовар дорам, ки “об агар сад пора гардад боз бо ҳам ошиност” ва мардум дубора роҳи худро пайдо мекунанд. Нодида гирифтани Эрон дар сиёсат ва рӯзгори мо ғайри мумкин аст ва ҷудо кардани он низ як хатои бузург.Тасним: Бо оғози сардии равобити Эрону Тоҷикистон шоҳиди он будем, ки равобити Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳод. Таҳлили шумо аз ин мавзӯъ чист? Коршиканиҳои Арабистон чи нақше дар ин замина дошт?Гадоев: Бале мудохилоти Арабистони Саудӣ дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони имрӯз ғайри қобили инкор аст. Фактҳо ва далелҳои зиёди дигаре ҳам вуҷуд дорад. Имрӯз Саудӣ аз тариқи сафираш иқдомоти зиёдеро сурат медиҳад.Мо иттилоъ дорем, кки сафири Саудӣ, оқои Ал-бодӣ бо хабарнигорон, адибон, афроди бо нуфуз дар ҷомеъа ва чеҳраҳои сиёсиро мебинад ва аз тариқи пардохти маблағ ба онҳо ин фазои зидди эроинро месозанд. Ё равиши дигаре, ки дар ин бора вуҷуд дорад, аз тариқи сафари Ҳаҷ аст. Мо мебинем, ки ҳатто бархе афродро пас аз дидор бо сафири Саудӣ барои маросими Ҳаҷ бо хонаводааш ба Арабистон мефиристанд ва ҳаимоят мекунанд аз онҳо барои ба ҷо овардани Ҳаҷҷи умра. Ҳаминзоро низ оҳиста оҳиста мутақоид мекунанд, ки мақолоте алайҳи Эрон нависанд.Ҳамин боис шуда кам кам бо нуфуз дар маҷаллаҳо, расонаҳо ва рӯзномаҳо ҷомеъаи Тоҷикистонро то ҳудуде ҳамсӯи бо худ кунанд. Ё дар масоили дигар мебинем дар ҳоле, ки ҳеч кишваре ҳозир ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нест, Арабистони Саудӣ меояд ва 51 дарсади саҳоми Тоҷиксодиротбанкро мехарад. Бонке, ки мутаъаллиқ ба яке аз наздикони президент аст.Инҳо сармоягузориҳое барои сиёсатҳои зиддиэронӣ дар Тоҷикистон асӣ, ки манофеъи он барои як хонавода аммо зарарҳои он барои мардум аст. Ҳамчунин мо иттилоъ дорем, ки сиёсатҳо дар дидорҳи сафири Арабистон бо бархе мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва амниятии тоҷик ҳатто ба сурати моҳона дар қолабҳое ҳамчун шикор ва... вуҷуд дорад ва ин барномаҳо дар ин дидорҳо тарроҳӣ мешаванд.Ман бовар дорам сиёсатҳои Арабаистон аз асос ғалат аст ва роҳ ба ҷое намебарад. Фикр мекунам мардум ҳам бар ҳамин ақида бошанд, чаро ки медонанд Саудӣ ҳеч вақт дилаш барои ин миллат намесӯзад, ба хотири ин ки аз решаи мо нестанд. Аз мо бегонаанд, аммо мутаъассифона, нодида гирифтани решаҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик тавассути бархе, ки имрӯз рӯи кор ҳастанд боис шуда чунин фазое пеш биёяд ва ин ҳаргиз ба нафъи мардуми Тоҷикистон нест.Тасним: Яке аз масоиле, ки ахиран аз сӯи расонаҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои гуногун ҳамчун Академияи илмҳо баён шуд ва ҳатто тавассути худи оқои Раҳмон ҳам мавриди таъкид қарор гирифт, баҳси шиъа шудани аъзои ҲНИТ буд. Ин мавзӯъ барои бисёре аз таҳлилгарон аҷиб буд, ки чаро чунин масъалае аз сӯи давлати секулари Тоҷикистон матраҳ шудааст, ки гӯӣ шиъа будан ва шиъа шудан ҷурми бузурге аст. Аҷибтар он ки инро ба ҲНИТ нисбат додаанд, ки як ҳизби тамоман суннимазҳаб ва ҳанафӣ аст. Таҳлили шумо дар ин бора чист?Гадоев: Ман фикр мекуам дар ҳаминҷо ҷаноби Раҳмон муртакиби ҷурм шудаанд ва агар дар Тоҷикистон қонуне вуҷуд медошт, бояд эшонро водор ба посухгӯӣ мекард. Ба мӯҷиби моддаи 187-и қонуни Тоҷикистон, барои ин амал ҷурм таъин шудааст. Чун дар Тоҷикистон ҳамаи динҳо озод ҳастанд ва касе ҳақ надорад бигӯяд шумо аз кадом дин ҳастед ва чи мазҳаберо пайравӣ мекунед. Илова бар ин дар Тоҷикистон мо шиъамазҳабҳои исмоилӣ дорем. Ғайр ах ин ҳам чанд гурӯҳи дигар аз бародарони шиъа ҳам вуҷуд доранд дар Тоҷикистон ва ин ки ба касе тӯҳмат зада шавад, ки шумо шиъа ҳастед ва ингуна алайҳи онҳо чунин матолибе баён шавад, аслан дуруст нест.Мо медонем дар Тоҷикистон беш аз 95 дарсади марудм суннимазҳаб ҳастанд ва тамоми аъзои худи ҲНИТ ҳам суннимазҳаб ҳастанд. Фикр мекунам дар ин замина ғаразварзиҳои шахсӣ ва манофеъи дигаре вуҷуд дорад. Илова бар ин иддае мехоҳанд аз тариқи эҷоди ихтилофоти мазҳабӣ фазоро бӯҳронӣ кунанд.Тасним: Ба назари шумо бо дар назар гирифтани ин таҳаввулот роҳи чора чист? Читавр метавон муносиботи давлатҳоро дубора ба ҳолати собиқи худ бозгардоонд?Гадоев: Фикр мекунам барои ин кор замон лозим аст. Барои тағйири назари давлат мебоист сабр кард то мардум иқдомоте сурат диҳанд. Марудм бояд алайҳи сиёсатҳое, ки ба зарари манофеъашон аст иқдоме карда ва мутолиба кунанд. Ин ҳам ниёзманди як раванди тадриҷӣ ва гузари замон аст. Мо мдеонем ҳанӯз ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон шакл нагирифта ва ҳамин эътирозот ва сару садоҳое ҳам, ки шунида мешавад аз сӯи мухоилфине аст, ки хориҷ аз кишвар пароканда шудаанд. Мо умедворем дар оянда ин ҷомеъаи маданиро барқарор созем, ки сиёсатҳои дигар кишварҳо аз тариқи Тоҷикистон пиёдасозӣ нашавад.Имрӯз тақрибан метавонем бигӯем, ки 99 дарсади мардуми Тоҷикистон хоҳони равобити хуб бо кишвари исломии Эрон ҳастанд. Ба хусус мо, ки масоили иқтисодиро пайгирӣ мекунем, манофеъи иқтисодии зиёде дар равобит бо Эрон ҳатто дар ҳамин рӯзгор мебинем. Тоҷикистон метавонад аз тариқи Эрон масоили иқтисодии худро ҳал кунад. Бархе имконоти санъатӣ, ки дар Эрон аст дар дунё ҷузви санойеъи пешрафта ба ҳисоб меояд.Давлат бояд роҳ гушояд то дар Тоҷикистон битавонем аз маҳсулоти Эрон истифода кунем. Ҳамчунин корхонаҳои муштарак таъсис шаванд ва метавонем маҳсулоти онро ба кишварҳои ҳамсоя ҳамчун Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир кунем. Фикр мекунем бар асоси дӯстӣ ва бо истифода аз имконоти иқтисодии Эрон истифода карда ва ҳам мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон ҳал шавад ва ҳам Эрон аз ин муносибатҳо суд мебарад, аммо афроде бар сари қудратанд, ки инро намехоҳанд. Бо мутолибаи мардум ин масъала дуруст мешавад.Тасним: Дар поён агар нуктаи дигаре ҳаст, ки изофа кунед.Гадоев: Мардуми Эрон набояд аз мардуми Тоҷикистон дар масоил малол дошта бошанд, чун ин сиёсат сиёсати худи мардуми Тоҷикистон нест. Умедворем дубора равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар сохта шавад ва мо ҳамеша хостори дӯстии ду кишвар буда ва қадрдони решаҳои таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар ҳастем.Мо медонем Эрон дар ҷанги шаҳрвандӣ бештарин кӯмакро ба мардуми Тоҷикистон кардааст. Давлати Эрон барои Тоҷикистон роҳ сохта ва барои сохтани нерӯгоҳҳои мо пул додааст. Дар давраҳои сахти иқтисодӣ низ ба мо кӯмак кардааст. Умедворем мардуми Эрон инро бидонанд ва дар расонаҳои Эрон бештар ба мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ шавад.

general.images