Воҳидова: “Ба як ҳукумати ҷавон нарасидем...”

Файзинисо Воҳидова ҳуқуқшиноси тоҷик, дар посухи саволи пойгоҳи Озодагон, ки пурсида буд: “Ҷойивазкунии кадрҳо чиро тағйир медиҳад?

Файзинисо Воҳидова ҳуқуқшиноси тоҷик, дар посухи саволи пойгоҳи Озодагон, ки пурсида буд: “Ҷойивазкунии кадрҳо чиро тағйир медиҳад?”, - гуфтааст: “Кабл аз ҳама бояд гуфт, ки ин тасмими ҳукумат тағйироти кадрӣ набуда, ҷойивазкунӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани мавқеи хонаводагӣ мебошад. Бо вучуди он ки ҳукумат имсол ҳеч як тасмими ҷиддӣ дар сиёсати кадриро пеш нагирифт, аммо бо баъзе ин ҷойивазкуниҳо мавқеи хукумат рӯшан шуд”.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик бо ишора ба таъйини Озодаи Раҳмон ба мақоми раиси Дастгоҳи Иҷроияи Президент, ин амалро ҳокӣ аз беэътимодии раиси ҷумҳур ба атрофиёнаш маънидод мекунад:  “Бо таъин шудани Озода Раҳмон ба ҳайси раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент маълум гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин кадрҳо эътимод надорад. Пас бояд ин вазирону кабирон донанд, ки ҳеч як фаъолияти назаррасе надоштанду раиси ҷумҳур ба онҳо чандон бовар надорад”.

Ҳамчунин ба бархе мавориди таъйиноти номуносиб низ ишора намуда гуфтааст: “Рустам Назарзода, ки директори Агентии назорати маводи мухаддир буд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда гузаронида шуд, ки фикр мекунам як иштибоҳ мебошад, зеро Назарзода кадри ҳирфаӣ буда, агентиро тӯли ин солҳо хуб идора карда, обрӯю нуфузи ин ниҳодро дар арсаи ҷаҳон боло бурд...”

Воҳидова дар поён бо таъкид бар ин ки ҳукуматдорон аз вуруди кадрҳои ҷавон ва нируҳои ҷадид пешгирӣ мекунанд ва симои ҳукуматдоронро дар тӯли чоряк аср ба такрор мебинем ва ба ҳукумати ҷавонтар нарасидем,ишора менамояд: “Дар маҷмӯъ, симои ҳукуматиҳоро тӯли чоряк аср мебинему ҳеч ба як ҳукумати ҷавон нарасидем”. 

Дар идомаи назарсанҷӣ, бархе аз ширкаткунандагон ҳамчунин гуфтаанд, ин савол хастакунанда шудааст ва бархеи дигар ба ҷойивазкунии кадрҳо ишора намуда гуфтаанд, ки аксиомаи риёзӣ дуруст мегӯяд, ки "аз ивазкунии ҷойи чамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад".

general.images