Ворид намудани тағйирот ба Қонуни асосӣ, эҳтимолан ҷиҳати тамдиди дигарбораи раёсати президент

Ворид намудани тағйирот ба Қонуни асосӣ, эҳтимолан ҷиҳати тамдиди дигарбораи раёсати президент

Бархе аз коршиносони маҳаллӣ, ворид намудани тағйирот ба Қонуни асосиро ба манзури таҳияи шароит барои тамдиди дигарбораи давраи раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон донистаанд, ки давраи кунунии раёсати вай тибқи Қонуни асосии феълӣ, соли 2020 ба поён мерасад.Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, дар торихи 11-январ, тарҳи тағйирот ба Қонуни асосӣ ва таъини рӯзи раъйпурсии саросарӣ барои тасвиби ин тағйирот пешниҳод шудааст.Ба гузориши сомонаи расмии порлумони Тоҷикистон, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, Маҳмадалӣ Ватанов, рӯзи 11-январ дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар баррасӣ шудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ таъини таърихи раъйпурсиро барои тасвиби ин тағйирот пешниҳод кардааст.Ба иттилои Маҳмадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон, ҳанӯз ҷузъиёти ин пешниҳод, аз ҷумла матни тағйиру иловаҳо омода нашудааст.Тибқи моддаи 99-уми қонуни асосӣ, тағйиру иловаҳоро раиси ҷумҳур ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пешниҳод кунанд ва матни тағйироти тасвибшуда бояд се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп шавад.Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ҷузъиёти ин тарҳ маълум нест, аммо бархе нашрияҳо ва баъзе аз  ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, эҳтимол дорад тағйиру таҳаввулоте ба Қонуни асосӣ ворид шавад, ки ба ҳаводиси соли 2015 бемуносибат нест.Ҳадс зада мешавад, ки як манзур Қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" аст, ки моҳи декабр қабул шуд ва ба раиси ҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон як силсила имтиёзу салоҳиятҳои нав медиҳад.Ин коршиносон, манзури дигар аз тарҳи иловаҳо ва тағйирот ба Қонуни асосиро манъи фаъолияти ягона ҳизби хусусияти мазҳабидошта – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эҳтимол додаанд, ки моҳи сентябр бо қарори додгоҳи олии Тоҷикистон як ҳизби террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Агарчи, дар соли 1999, бар асоси шартҳои Созишномаи сулҳи байни ҳукумат ва мухолифин, ба Қонуни асосӣ ислоҳоте ворид карда шуд, ки фаъолияти аҳзоби мазҳабиро дар ин кишвар иҷозат медод.Аммо расонаҳои маҳаллӣ эҳтимолотеро дур надонистаанд, ки яке аз аҳдофи аслии ислоҳи Қонуни асосӣ метавонад таҳияи шароит барои тамдиди дигарбораи давраҳои раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон бошад, ки тибқи Қонуни асосии феълӣ, давраи кунунии раёсати номбурда соли 2020 ба поён хоҳад расид.

 

general.images