Вокунишҳои Эрон, Туркия, Покистон ва ... ба куштори ваҳшиёнаи мусалмонон дар Мянмар

Сарони кишварҳои исломӣ аз Созмони Милали Муттаҳид талаб кардаанд, ки дар робита ба куштори беш аз 400 мусалмони Роҳинҷа дар Мянмар дар моҳи гузашта, иқдом кунад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодагон, эътирозҳои ҷаҳонӣ ба хушунат алайҳи мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар (Бирмаи собиқ) рӯзи 4-уми сентябр боз ҳам афзоиш ёфт ва сарони кишварҳои исломӣ гуфтанд, ки аз Созмони Милали Муттаҳид талаб хоҳанд кард, ки дар робита ба куштори беш аз 400 мусалмон дар моҳи гузашта, иқдом кунад.Эрон рӯзи 4-уми сентябр ин хушунатҳоро, ки мунҷар ба фирори ҳудуди 90 ҳазор мусалмони Роҳинҷа ба кишвари ҳамҷавори Бангладеш шудааст, “поксозии қавмӣ” хонд ва Туркия онро “наслкушӣ” номид.Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дар сафҳаи “Твиттер”-и худ бо интиқод аз хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари идомаи хушунатҳо алайҳи мусалмонони Роҳинҷа гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои пешгирӣ аз "поксозии қавмӣ" иқдом кунад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд эътироз намояд.Шумори кишварҳои мусалмонӣ, ки алайҳи ин хушунатҳо садо баланд карданд, рӯ ба афзоиш аст ва рӯзи 4-уми сентябр дар Индонезия ва ҷумҳурии Чеченистони Русия ҳазорон нафар ба тарафдорӣ аз мусалмонони Роҳинҷа тазоҳурот карданд. Дар шаҳри Маскав ҳам садҳо нафар дар як эътирози бесобиқае ба ҳимояи мусалмонони Мянмар садо гирди ҳам омаданд.Вазири умури хориҷии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф рӯзи 4-уми сентябр "ваҳшати амиқ"-и худро аз гузоришҳо дар бораи куштаҳо ва беҷошудагонии мусалмон дар Мянмар баён дошт ва ҳукумати Мянмарро ҳушдор дод, ки ин ҷиноятҳоро таҳқиқ намояд.Бӯҳрони инсонӣ бояд фавран қатъ шавад - гуфт раиси ҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо ва вазири умури хориҷии кишварашро барои мулоқот бо раҳбарони Мянмар фиристод.Масъулони Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезананд, ки ҳудуди 87 ҳазор паноҳандаи Мянмар марзи Бангладешро убур карданд ва шумораи зиёди онҳо маҷрӯҳ шуда ва ба маводи ғизо ва кӯмакҳои тиббӣ ниёз доранд. Кишвари Малдив рӯзи 4-уми сентябр эълон кард, ки ҳама робитаҳои тиҷоратии худро бо Мянмар то замони поён додани хушунатҳо алайҳи мусалмонони Роҳинҷа ба ҳолати таъхир андохтааст.

general.images