Вокуниши ТАЛКО ба иддаои Норвегия: Talco Management Ltd ба элитаи сиёсӣ рабт надорад...

Корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО ба матбуот ва парлумони Норвегия, ки ба ҳамкории ин корхонаи тоҷикистонӣ ва ширкати норвежии Norsk Hydro бо назари шубҳа менигаранд, вокуниш нишон дод.

Корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО ба матбуот ва парлумони Норвегия, ки ба ҳамкории ин корхонаи тоҷикистонӣ ва ширкати норвежии Norsk Hydro бо назари шубҳа менигаранд, вокуниш нишон дод. Дар ҳоле ки матбуот ва парлумони Норвегия аз ҳамкориҳои ношафоф ва шубҳаовари ТАЛКО бо Norsk Hydro изҳори нигаронӣ мекунанд, Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, мустақиман ин ду ширкат ҳеч гоҳ ҳамкорӣ накардаанд: “Ин ҷо гап дар мавриди Talco Management Ltd меравад, ки танҳо яке аз шарикони ТАЛКО мебошад. ТАЛКО чунин шариконро зиёд дорад”. Ба гуфтаи ҷаноби Сатторов, солҳои 2003-2004, ки ҳанӯз ТАЛКО ташкил нашуда, корхонаи ТадАЗ фаъолият мекард, ТадАз РусАл, Хаммер ва Norsk Hydro барои таъмини маводи хом ба маблағи беш аз 150 миллион доллар созишнома бастанд: “Аммо ин ҷо расман созишнома баста шуду амалан маводи хом ба корхонаи алюминиюми Тоҷикистон таъмин нагардид. Роҳбарияти онвақта бо фаъолияти фасодкоронааш корхонаро беш аз 500 миллион доллар қарздор кард, ки аз ҷумла 158 доллараш аз Norsk Hydro буд. ТАЛКО расман моҳи июни соли 2007 ташкил шуд ва гарчанде мавод дастрас нашуда буд, ҳамчун вориси ТадАЗ беш аз 150 миллион доллари Norsk Hydroро пардохт кард. Дигар ҳеч додугирифти мустақиме надоштанд”. Дар мавриди шафофияти фаъолияти Talco Management Ltd, ки маҳсулоти хомро ба ТАЛКО таъмин мекунаду алюмини тавлидкардаашро ба хориҷ мефурӯшад, Сатторов изҳор дошт, ин ширкати алоҳида асту сомонаи худро дорад ва он ҷо аудити фаъолияташ нашр шудааст. Дар мавриди соҳибони Talco Management Ltd, ки матбуоти Норвегия онҳоро афроди наздик ба элитаи сиёсии Тоҷикистон ном мебаранд, Сатторов гуфт, қаблан иттилоъ дар бораи соҳибони ин ширкат дар матбуот нашр шуда буд: “Дар матбуот нашр шуда буд, ки чанд фоиз ба кӣ тааллуқ дорад ва он ҷо ҳеч нафари наздик ба элитаи сиёсии Тоҷикистон набуд”. Norsk Hydro, ки ҳудуди 35 дарсади саҳмияҳояшро давлати Норвегия соҳибӣ мекунад, аз калонтарин ширкатҳои ҷаҳон дар умури истихроҷи нафту газ ва алюминий мебошад. Ба гуфтаи аъзои парлумони Норвегия Norsk Hydro солҳо бо Talco Management Ltd, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шуда, ҳаққи баромад аз номи ТАЛКО-и Тоҷикистонро дорад, додугирифтҳои тиҷорӣ доштаст.Тибқи иттилои расонаҳои Аврупо, Ҷет Кристенсен, узви Кумитаи интизомии парлумони Норвегия, аз адами шафофият ва эҳтимоли фасод дар ҳамкорӣ миёни Norsk Hydro ва ТАЛКО изҳори нигаронӣ карда, афзудааст, ки якҷо бо аъзои дигари парлумон азм дорад, асрори ин ҳамкориҳоро ифшо намояд. Нахуст аз ҳамкориҳои шубҳаовари Norsk Hydro ва Talco Management Ltd, нашрияи “Dagens Næringsliv”-и Норвегия аввали моҳи равон хабар дод. Ба иттилои нашрия тайи солҳои ҳамкории Norsk Hydro ва Talco Management Ltd додугирифти молиявӣ тариқи зерширкатҳои офшорие амалӣ шудаанд, ки дар ягон ҷо номи соҳибонашон зикр нагардидааст. Аъзои парлумони Норвегия чунин шеваи ҳамкориро барои ширкате, ки қисме аз саҳмияҳояш ба давлат тааллуқ дорад, номақбул хондаанд. Дар посух ба суолномаи қаблии вакилони парлумони Норвегия, масъулини Norsk Hydro изҳор доштаанд, ки бар асоси шартнома шариконашон намехоҳанд, номашон оммавӣ шавад. Аммо Майкл Течнер, ноиби раиси Кумитаи интизомии парлумони Норвегия гуфтааст, ҳеч далеле барои пинҳон доштани номи афродеро, ки бо Norsk Hydro ҳамкорӣ мекунанд, намебинад ва зарур хондааст, ки дар ин самт шафофият таъмин гардад.Дег Маҷдел, президенти ширкати норвегии “Norsk Hydro” дар вокуниш ба парлумон ва матбуоти кишвараш изҳор доштааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати алюминиюми тоҷик-ТАЛКО ба қонуншикание роҳ надодааст. Маҷдел, имрӯз, 7 март бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки “Norsk Hydro” дар ҳамкориҳо бо ТАЛКО қонунгузории кишвар ва меъёрҳои дохили ширкатро нақз накардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки қатъиян алайҳи фасод мебошад: “Norsk Hydro алюминиюми Тоҷикистонро танҳо бо нархи бозорӣ, бидуни ҷалби агенту миёнаравҳо харидуфурӯш мекард”. Президенти “Norsk Hydro” илова намудааст, ки дар мавриди ҳамкорияш бо ТАЛКО ба Моника Маэленд, вазири саноат ва савдои Норвегия гузориш додааст. Тибқи изҳороти нашркардаи Hydro, ин ширкат ҳамкорӣ бо ТАЛКО-ро се сол қабл-2013 қатъ кардааст. 

general.images