Вокуниши сафорати Эрон ба матолиби дурӯғин ва ихтилофангези Ховар / Сафорати Эрон: Ховар қонунро нақз кардааст

Дар пайи интишори як мақола дар хабаргузории Ховар, ва талош барои эҷоди тафриқа байни мардуми Тоҷикистон ва Эрон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе вокуниш нишон дод.

Ба гузориши Востокнюз, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дар пайи интишори мақолаи хабаргузории Ховар дар тавҳин ба шиаён ва тафриқа байни мардуми Тоҷикистон ва Эрон баёнияеро мунташир кард.Хабаргузории давлатии Ховар дар санаи 20-уми апрели 2018 дар як мусҳиба ва ҳамчунин дар мақолае дар санаи 2-уми июли 2018, таҳти унвони “Оё шиа шудани наҳзатиён тӯҳмат аст?”, ба тарҳи мавориде дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтааст.Дар ҳарду маврид, сафорати Эрон тайи номаҳое ҷавобҳои худро ба дафтари он хабаргузорӣ ирсол дошт ва интизор бар он буд, ки тибқи моддаи 18-уми “қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбӯоти давраӣ ва соири расонаҳои ҷамъӣ” нисбат ба нашри посух иқдоми лозим ба амал ояд.Аз ин рӯ бо таваҷҷӯҳ ба нодида гирифтани қонуни зикршуда, ва адами дарҷи посух, ин сафорат матни охирин ҷавоби ирсолиро мунташир кард.Дар ин баёния омадааст: “Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мӯътақид аст тарвиҷи ихтилофафканӣ миёни мазоҳиби исломӣ ва нафратпарокании мазҳабӣ алайҳи мазоҳиби дигар чун ташайюъ, ки садҳо миллион пайрав дар ҷаҳони ислом аъам аз Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Афғонистон, Ҳинд, Лубнон, Яман, Баҳрайн ва дигар кишварҳо дорад, муғоири ҳамаи мавозини байналмилалӣ ва тавҳини ошкоре ба эътиқодоти бахши муҳмме аз ҷаҳони ислом буда ва бетардид иҷрои хости душманони ислом ба вижа “Исроил” мебошад.Мутаъассифона дар ин мақола талош шуда, ки тасвире бегона ва ғайри қобили қабул аз мазҳаби шиъа ироа шавад ва ин дар ҳоле аст, ки бар асоси воқеъиятҳо ва ба тасреҳи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуморе аз мусалмонони Тоҷикистон низ шиъа ҳастагд ва албатта ҳеч иртиботи хоссе бо Эрон надоранд.”Тавҳин ба шиаён ва бегона талаққӣ кардани онҳо зойеъ кардани ҳуқуқи шаҳрвандии ин шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошад.Нафратпарокании мазҳабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъи ҷадиде аст ва тарҳи он дар моҳҳои гузашта ва пас аз изҳороти тафриқаафканона ва иттиҳомоти сафри ияк кишвари қабилаӣ (Саудӣ) алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифта, ки он ҳам дар хабаргузории Ховар нашр шуд ва ҷои басе таъассуф аст.Аз ин рӯ, аз хабаргузории Ховар интизор меравад бо назардошти манофеъ ва масолеҳи Тоҷикистони азиз ва зимни таваҷҷӯҳ ба усули касбии иттилоърасонӣ, аз бознашри матолиби беарзиши нашрияҳо ва сайтҳои зард ва беҳувият, ки ин арсаи муҳимро ба маҳалли савдо табдил намудаанд, парҳез намуда ва бо ҳушёрӣ дар қиболи дасисаҳои “Исроил” ва ходимони минтақавии он, ба дунболи тарвиҷи гутумони ваҳдат ва дӯстӣ миёни тамомии миллатҳои мусалмон ба вижа ҳамтаборони ҳамфарҳанг ва ҳамзабони худ дар минтақа бошад ва дар доми бадхоҳони миллатҳои бародар ва шарифи Эрон ва Тоҷикистон науфтанд.Тардиде нест, ки миллати фаҳими Тоҷикистон, ки аз ибтидои истиқлол дӯстӣ ва муҳаббати эрониёнро чашида ва шоҳиди хадамоти он ба худ буда, бо ин сиёҳнамоиҳо гумроҳ нашуда ва фаромӯш намекунад, ки Эрон бо ибтикороте чун “ҳафтаи Ваҳдат”, “рӯзи ҷаҳонии Қудс”, “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, “Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ” ва “амнияти шабакаӣ дар минтақа” мунодии ваҳдати мусалмонон ва муваҳҳидони ҷаҳон буда ва бо тарди ҷангталабон ва мураввиҷони хушунат, ҷаҳониёнро ба гуфтугӯ, сулҳҷӯӣ ва ҳамкорӣ фарохондааст.

general.images