ВКХ-и Эрон ҳодисаи террористии Тоҷикистонро маҳкум ва ҳаргуна иртибот бо ин ҳодисаро ба шиддат такзиб кард

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба суоле дар хусуси ҳамлаи ахири анҷом шуда ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки ба кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз онҳо анҷомид, зимни ибрози таъассуф аз ин ҳодиса ва маҳкум кардани он гуфт: “Мо ҳаргуна иқдоми террористӣ дар нуқтаҳои мухталифи дунё, аз ҷумла ҳодисаи ахир алайҳи гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистонро маҳкум мекунем.”

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба суоле дар хусуси ҳамлаи ахири анҷом шуда ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки ба кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз онҳо анҷомид, зимни ибрози таъассуф аз ин ҳодиса ва маҳкум кардани он гуфт: “Мо ҳаргуна иқдоми террористӣ дар нуқтаҳои мухталифи дунё, аз ҷумла ҳодисаи ахир алайҳи гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистонро маҳкум мекунем.”Қосимӣ бо интиқод аз матолиби манфии эълом шуда дар баёнияи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон алайҳи Эрон афзуд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргуна иртибот бо ин ҳодиса ва вуҷуди пойгоҳ ҷиҳати омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб мекунад ва омодагӣ дорад ҷиҳати баррасии абъоди ин қазия бо мақомоти дахлдори тоҷикӣ ҳамкорӣ намояд.”Қосимӣ тарҳи ин гуна масоили бепоя ва асосро ба зиёни равобити дӯстона ва бародарона миёни Эрону Тоҷикистон донист ва ибрози умедворӣ кард, ки дутараф бо кғмаки якдигар ба тақвияти муносибатҳо бипардозанд ва иҷозат надиҳанд, ки душманони равобит бо тарҳи ин гуна масоил халале дар равобит эҷод намоянд.Востокнюз 

general.images