ВКХ-и Эрон: “Нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон хешовандӣ аст”

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон бо баёни ин ки нигоҳи Эрон ба равобит бо давлати Тоҷикистон нигоҳи хешовандӣ аст, гуфт: “Сиёсат ва рӯйкарди Теҳрон дар солҳои баъд аз истиқлолияти ин кишвар ҳамроҳӣ ва истодан дар канори давлати Душанбе будааст.”

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ дар посух ба пурсиши хабарнигоре дар бораи суханони вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва равобити ду кишвар гуфт: “Равобити Эрону Тоҷикистонравобите амиқ ва мубтанӣ бар решаҳои муштарак ва куҳан аст; наметавон ин пайвандҳо ва пайвастагиҳои ба ёдгор ва мондагор аз гузаштаҳои дурро нодида гирифт.”

Вай тавзеҳ дод: “Бо суханони Вазири корҳои хориҷаи ин кишвар дар маросими рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон мувофиқам ва фикр мекунам таърих, ҷуғрофиё, гузашта ва оянда ва тамомии иштирокот миёни мо, ҳама бар зарурати ҳамкориҳо ва ҳамдилиҳои ҳарчӣ бештари ду давлат ва ду миллат таъкид мекунад.”

“Усулан сиёсати Эрон нисбат ба ҳамсоягон, сиёсате ошкор ва комилан рӯшан а бар асоси таъмиқ ва тавсеъаи ҳарчи бештари ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳои мумкин ва равобити ҳамроҳ бо ҳусни ҳамҷиворӣ ва наздикии равобити давлатҳо ва миллатҳо устувор аст.” –афзуд ӯ.

Қосимӣ бо баёни ин ки мо хоҳони тоҷикистоне ҳастем, ки ҳамвора бархӯрдор аз амният, субот, бо иқтидор ва рӯ ба рушд ва тавсеъа бошад, ёдовар шуд, ки сиёсат ва рӯйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои баъд аз истиқлолияти ин кишвар ҳамроҳӣ ва истодан дар канори давлати Тоҷикистон будааст; ва ин сиёсат ва рӯйкарде аст, ки ҳамчунон аз сӯи мо эъмол мешавад ва тағйире накардааст.

Вай афзуд: “Эрон аз ҳеч гурӯҳе, ки алайҳи аркони қонунии Тоҷикистон иқдом кунад, ҳимоят накарда ва намекунад ва ҳамеша равобити хуб ва бародарона бо давлати он кишварро хостор будааст.” Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон ёдовар шуд; барои мо истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллӣ ва равобити дӯстона ва бародаронаи ду давлат авлавият ва асли асосӣ аст; нигоҳи мо ба равобит бо давлати Тоҷикистон нигоҳи хешовандӣ аст.

Вай идома дод, ки умедворем бо истифода аз тамомии зарфиятҳои мавҷуд ва ба вижа фаъолтар шудани комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишвар, гомҳои муассир ва муштараке барои густариши равобити дуҷониба бардорем. “Орзуи қалбии мо афзоиши ҳамдилӣ ва густариши равобит дар ҳамаи заминаҳо ва тарсими ояндае рӯшан дар ин иртибот аст; албатта бояд ин таваҷҷӯҳ ва ҳушёриро дошта бошем, ки равобити дӯстона ва бародаронаи мо ҳамвора душманон ва бадхоҳоне дошта ва дорад, ки бояд бо ҳушмандӣ, талошҳои шайтанатомез барои тахриби равобити ду кишварро хунсо кунем.” афзуд сухангӯи ВКХ-и Эрон.

Қосимӣ гуфт: “Усулан бо таваҷҷӯҳ ба шароити минтақа ва конунҳое, ки барои густариши ифротгароӣ ва тақвияти терроризм мекӯшанд то амният ва субот ва ҳокимияти кишварҳоро ҳадаф қарор диҳанд, бояд дар як ҳамкории муштарак ва ҷамъӣ то аз миён рафтани ин таҳдидот талош карда ва ин ба як азми ҳамагонӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ ниёз дорад.” Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Эрон токунун ба саҳми худ бо тамоми тавон дар ин масир гом бардошта ва дар канори тамомии кишварҳо ва ҳокимиятҳое буда, ки мавриди таҳдид аз сӯи терроризм ва ифротгароӣ қарор доштаанд ва ин рӯйкардро ҳамчунон идома хоҳад дод.

www.irna.ir

general.images