ВКД: Ронандае, ки Сафина, Ширин ва Каримаро зер кард, ҳуҷҷат надошт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мошини “Опел-Вектра”, ки се духтарчаи ноболиғро дар гузаргоҳи пиёдагард дар маркази Душанбе зер кард, таҳти идораи сокини 25-солаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт қарор дошт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мошини “Опел-Вектра”, ки се духтарчаи ноболиғро дар гузаргоҳи пиёдагард дар маркази Душанбе зер кард, таҳти идораи сокини 25-солаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт қарор дошт. Манбаи “Озодагон” дар ин ниҳод гуфт, ронандаи боздоштшуда бо худ ҳуҷҷати ронандагӣ надошт. Манбаъ афзуд, дар пайи фоҷеа ронандаро шок фаро гирифт ва ӯ зимни бозпурсӣ изҳор дошт, ки аломати маҳдудкунандаи суръати ҳаракати роҳро надид ва дар хотираш нест, ки бо кадом суръат ҳаракат намудааст. ВКД мегӯяд, боздоштшуда рӯзи 7 март ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Л.Шералӣ ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умуми №14 бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардони ноболиғ - Карима Қурбоноваи 11-сола, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзоваи 12-соларо зер кардааст: “Карима Қурбонова пас аз муддате дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.Табибон вазъи саломатии Сафина Наврӯзова ва Ширин Қаюмоваро муътадил арзёбӣ мекунанд. Дар акс: Сафина Наврӯзова дар беморхона 

general.images