Ва золимин ба зудӣ хоҳанд донист, ки бозгашташон ба куҷост (сураи Шуаро-227)

Зулм ва золим дар Қуръони Маҷид ба шиддат мавриди мазаммат қарор гирифта ва оқибатҳои бисёр ваҳшатноку даҳшатноке ва азобҳои бениҳоят сахту дарднокеро ба он ваъда дода шудааст.

Маънои зулм

Пеш аз инки вориди баҳс шавем бояд маънои зулмро дақиқу аниқ донем, то зулмро ташхис диҳем ва ба он дучор нашавем.

Зулм калимаи арабӣ аст, ки дар Қуръон бисёр ба кор рафта аст. Ибни Форис дар китоби Фарҳанги луғоти Қуръон мегӯяд: зулм ду маънои усулӣ дорад: 1-торикӣ ва сиёҳӣ. 2- чизеро аз рӯи ситам дар ғайри ҷои худаш гузоштан.

Дар ҳамаи қомусҳо ва китобҳои луғати Қуръон ҳамин маъно ба кор рафтааст; яъне торикию сиёҳӣ ва чизеро дар ғайри ҷои худ қарор додан. Барои беҳтар фаҳмидани маънои зулм таҷзия ва таҳлиле металабад, ки бояд ба он ишора шавад.

Зулм ба маънои торикӣ ва сиёҳӣ ба ин маъност, ки инсоне ки дучори зулм шавад, дили ӯро торикӣ ва сиёҳӣ фаро мегирад, ки аз инсоният, Худо, Ислом ва бандагӣ дур шуда, ба бандагии шайтон медарояд (Бақара, ояти 257) ва ҳамеша корҳое анҷом медиҳад, ки тамоман дар он заррае ба дигарон фоида намерасад ва ҳамеша бадхоҳи дигарон аст (Фалақ, ояти 3-5) ва ба дигарон бадӣ мехоҳад; чун сияҳдилу торикдил аст. Ба ҳамин хотир аст, ки Қуръон чунин инсонҳоеро сахтдилу бераҳм (қулубуҳум қосия –сураи Моида ояти 13) мехонад. Зулм ба маънои гузошатни шайъ дар ғайри ҷояш ба ин маъност, ки ҳар коре ки инсон анҷом медиҳад боя тавре анҷом диҳад, ки сазовори он набошад.

Ҷалолиддини Балхӣ дар китоби гаронсанги Мавлавии Маснавӣ мегӯяд:

Адл чӣ бувад? Вазъи шай дар мавзеаш

Зулм чӣ бувад? Вазъ дар номавзеаш!

Яъне ҳар чизе ки дар ҷаҳон аст, ҷой ва ҷойгоҳи худро дорад. Агар дар ҷои худ қарор дода шавад адл аст ва агар дар ҷои худ қарор дода нашавад зулм аст. Масалан инсоне ки илм надорад, савод надорад, ҳақ надорад муаллим шавад, аммо агар ӯро муаллим гузоранд, зулм анҷом гирифтааст.

Золим кист?

Золим касе аст, ки зулм мекунад. Яъне ҳам сияҳдилу торикдил аст ва ҳам инки ба таъбири Мавлавии Румӣ “вазъи шай дар номавзеаш” анҷом медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон намунаи комили золим аст; яъне ҳам сияҳдилу сангдилу торик аст ва ҳам лаёқати раёсатро надорад, вале раёсат мекунад ва вазифаҳоро на ба шоистагон, балки ба бесаводону бефарҳангону ноинсонон мефурӯшад ва наркоманеро ки аз ақлу фаросату инсонгарӣ километрҳо дур астро мехоҳад ба раёсат расонад, дар ҳоле ки халқ, ҳам аз худаш ва ҳам аз оилааш безоранд!

Золим аз назари Қуръони Шариф!

Аллоҳ Таоло дар китоби муқаддаси Қуръон 81 гурӯҳро золиму ситамгар хондааст, ки мо ба баъзе аз онҳо ишора мекунем.

1.Масхаракунандаи муъминон;

Касе ки муъминонро масхара мекунад Қуръон ӯро золим хонда, азоби даҳшатнокеро насибаш мегардонад. “Эй касоне ки имон овардаед, огоҳ бошед, қавме қавмеро масхара накунад, шояд он қавм беҳтар аз дигаре бошад ... касе ки ин корро анҷом диҳад золим аст!” (сураи Ҳуҷурот, ояти 11).

2.Касе ки ба Худо дурӯғ мебандад;

Худованд дар Қуръон дар бораи моҳи мубораки Рамазон фармуда аст рӯза гиред, аммо Эмомалӣ Раҳмон зидди Қуръон сухан карда, мегӯяд беш аз 60 % халқ бояд рӯзаро хӯрад, агар нахӯрад зардолу чинда наметавонад! Ин сухан дурӯғ бастан ба Худо мешавад.

“Ҳар касе ки ба Худованд ифтиро (дурӯғ) бандад, ӯ золим аст!” (сураи Оли-Имрон, ояти 94).

3. Касе ки моли ятимро мехӯрад;

“Касоне ки моли ятимро мехӯранд, золиманд ва ба зудӣ ба оташи сӯзони дӯзах мерасанд!” (сури Нисо, ояти 10).

Эмомалӣ Раҳмон то ба ҳол ҳазорон кӯдакро бо куштану зиндонӣ кардани падарашон ятим карда, хонаю кошонаю сарпаноҳашонро аз дасташон гирифта хӯрдааст. Шаҳид Умаралӣ Қувват намунае аз ин иддао аст!.

4.Муъминонро аз ибодат манъ кардан;

“Ва касонеро ки Парвардигорашонро субҳу шом ибодат мекунанд, марон... ки аз золимин мешавӣ!” (сураи Анъом, ояти 52).

5.Манъи масҷид ва зикри Худо

“Золимтарин инсон касе аст, ки аз масҷидҳои Худо ва аз номи Худо (азон) мардумро манъ кунад ва дар вайрон кардани масҷидҳо талош кунад!” (сураи Бақара, ояти 114).

Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов бешак золимтарин шахс ҳастанд, ки ҳам азону масҷиди Илоҳиро манъ карданд ва ҳам инки беш аз ҳазорон масҷидро табдил доданд, ки ба маънои вайрон кардани масҷид аст.

5.Куштори ноҳақ;

Яке аз зулмҳои калоне ки дар Қуръон аз он номбар шуда, куштани ба ноҳақ аст. Яъне инсони бегуноҳеро куштан. Ин гуноҳ аз назари Қуръон чунон сангин аст, ки Худованд мегӯяд агар як касро бикушед, монанди ин аст, ки ҳамаи инсонҳои рӯи заминро куштаед!.

“Ва накушед инсонеро Худованд хунашро ҳаром гардонда. Ва касе ки мазлумона кушта шавад....” (сураи Исро ояти 33).

Шаҳид Эшони Қиёмиддин ва Махсуми Саттор аз ҷумлаи касоне буданд, ки мазлумона ба дастури режими Раҳмон ва лашкариёни шайтонпарасташ ба ноҳақ кушта шуданд ва ба файзи шаҳодат ноил омаданд. Ин шаҳодат барои онҳо баракату ободии хонаи охират ва барои Эмомалӣ Раҳмону пайравонаш хонахаробию азоби ваҳштаноку дарднокро ба бор меоварад! Ва ба гуфтаи Қуръон ки мефармояд: “Ва золимин ба зудӣ мебинанд, ки чӣ ҷойгоҳи (ваҳшатноку азоби бепоёне) дар интизорашон аст” (сураи Шуаро-227).

Сиддиқи Акбар

general.images