Ваҳшигарии аъзои ҳайати режими Раҳмон дар анҷумани САҲА дар Варшава

Дар видеое ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки як нафар аз ҳайъати ҳукумат Сулаймон Орзуев, яке аз фаъолони мухолифинро бо мушт ба рӯяш ва Вайсиддин Одинаевро бо лагад мезанад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Варшава байни намояндагони ҳайъати расмии ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолони оппозитсия дар назди макони баргузории анҷумани САҲА занозанӣ шудааст. Дар видеое ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки як нафар аз ҳайъати ҳукумат Сулаймон Орзуев, яке аз фаъолони мухолифинро бо мушт ба рӯяш ва Вайсиддин Одинаевро бо лагад мезанад.Муноқишаи байни ҳайъати расмии ҳукумат ва фаъолони оппозитсия замоне рух дод, ки намояндагони ҳайъати расмии ҳукумат бинои анҷуманро тарк мекарданд. Дар баромадгоҳ намояндагони оппозитсия бо Мулло Аёмиддин Сатторов, як узви собиқи ҲНИТ, ки ба эҳтимоли зиёд ба эҷбор аз номи ҳукумат ба анҷумани САҲА ба Варшава оварда шудааст, ба саломуалейку оғӯшкашӣ сар карданд.Вақте Мулло Аёмиддин аз дари бино берун шуд, Сулаймон Орзуев ба дасти ӯ шиори "Озодӣ ба маҳбусони сиёсии Тоҷикистон!”-ро дод, то бо ин шиор аксаш бигирад. Мулло Аёмиддин шиорро ба даст гирифт ва барои аксгирӣ ҳам зоҳиран омода буд, вале дар ин асно як нафар аз ҳукумат дар тан костюм ва дар гардан галстук, ки зоҳиран аз бахши таъмини амнияти ҳайъати расмии Тоҷикистон буд, шиорро аз дасти Мулло Аёмиддин гирифт ва пора кард. Сулаймон Орзуев бо ин мард вориди баҳс шуд, вале дар ин лаҳза як ҷавонмарди дигари низ костюму галстукпӯш бо мушт ба рӯи вай зад.Ин мард ҳамин тавр дар ҷараёни радду бадал Вайсиддин Одинаевро бо лагад зад.Сулаймон Орзуев ба як масъули анҷумани САҲА муроҷиат кард, ки ӯро заданд. Он ду ваҳшӣ баъди ин муноқиша ба тарафи мошини ҳайъати расмии ҳукумат рафтанд. Фаъолони мухолифин онҳоро то мошин дунбол гирифтанд ва аз нафаре ки занозанӣ кард, талаб мекарданд, ки аз мошин фарояд.Дар охир яке аз фаъолони оппозитсия машварат дод, ки монеи ҳаракати мошини ҳайъати ҳукумат нашаванд, чунки "пулис худаш ҳама чиро ҳал мекунад.”Ин муноқиша дар ҳоле бархост, ки то ин лаҳза бархӯрди байни намояндагони ҳайъати расмии ҳукумат ва мухолифин дар ҳошияи анҷумани Варшава хеле гарм ба назар мерасид ва ҳатто аксҳову видеоҳое нашр шуданд, ки хандида бо ҳам суҳбат кардани онҳоро намоиш медод.

general.images