Вақте деҳқон президент шавад, қассоб ҳам вазир мешавад!

Деҳқон ва қассоб сабаби ақибмондагӣ ва қашоқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон

Деҳқоне аз оилаи бисёр камбизоат ва падару модари бечизу чора дар асари чархиши даврон ба курсии раёсат расид. Ӯ барои ба даст овардани курсии раёсати ҷумҳурӣ бо дастури Узбакистон (Ислом Каримов) ва Русия (Борис Елтсин) даст ба тоҷиккушӣ зад ва беш аз 150 ҳозир марди тоҷикро ба баҳонаи инки тоҷиканду мусулмонанд ба коми марг фиристод.

Ин деҳқон фарзанди деҳқони бечизу чора, касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон нест. Эмомалӣ Раҳмон гарчӣ имрӯз худро ба қаҳрамони миллат таҳмил кардааст, аммо он рӯз низ дур нест, ки бо решаю пайвандаш аз хоки Тоҷикистон барчида шавад ва ба зуболадони таърих пайвандад ва номаш дар қатори хиёнаткортарин шахси Тоҷикистон аз табори чиниён ва зодаи муғулон гардад.

Вақте деҳқони бечизу чорае чун Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат расад, табиъист ки қассобе чун Бег Сабур ба вазорат расад. Хешутабор шудан бо Эмомалӣ Раҳмон ба тиҷорате табдил шуда, ки мақому мансабу вазоратро ба армағон дорад, вагарна кӣ ҳозир аст, ки бо касе чун Озода Раҳмон, зани мардмонанд ва дур аз зарофати занонагию сухан гуфтанаш мардони кӯчаю бозорро монанд аст, издивоҷ кунад.

Ба хотири ҳамин мақому мансаб аст, ки Бег Сабур духтарашро ба Рустами герчик додааст бо вуҷуди инки медонист ки Рустам наркомане аст, ки ғайр аз героин чизи дигареро намефаҳмад ва ақлу фаросату гапзанӣ низ надорад ва то баҳол ҳатто як бор ҳам дар малаи ом сухан накардааст.

Дар хабар омадааст, ки Бонки ҷаҳонӣ Бег Сабурро сабаби ақибмондагии Тоҷикистон дар алоқа шудааст ва далелҳое низ барои исботи гуфтаҳои худ овардааст, ки дар сомонаҳои хабарӣ муфассал онро пахш кардаанд. Табиъист, ки одами бесаводи заифулфаҳми камъақл ҷуз ақибмондагию қашшоқӣ кори дигаре нахоҳад дошт ва ба ҳамин хотир аст, ки Тоҷикистон 27 сол аст, ки ҳар рӯзаш бадтар аз дирӯз аст ва рӯз то рӯз дар гирдоби мушкилоту буҳронҳои мухталиф ғӯтавартар мегардад. Сабаби ақибмондагии Тоҷикистон вуҷуди афроди заифулфаҳми майнуши камъақли нодидае чун Эмомалӣ Раҳмон, Бег Сабур, Озода Раҳмон, Рустами герчик ва.... аст!

Сиддиқи Акбар

general.images