Варзишгарони тоҷик аз Ӯзбакистон бо 12 медал баргаштанд

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии Ҷоми бози Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонону наврасон соҳиби 12 медал гардиданд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии Ҷоми бози Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонону наврасон соҳиби 12 медал гардиданд.Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, дар мусобиқа ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд.Дар сабқати навҷавонону духтарон гӯштингирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавонони тоҷик Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.Инчунин ду намояндаи дигари Тоҷикистон -Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (-81 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни то 48 кг медали биринҷӣ гирифт.Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд.

general.images