Вакили порлумони Эрон: "Бисёре аз мавонеъи равобити Эрон ва Тоҷикистон рафъ шудаанд"

Ҳишматуллоҳи Флоҳатпеша, раиси коммисияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумони Эрон дар мусоҳиба бо Евронюз ибрози умедворӣ кард, ки мавонеъи равобити Эрону Тоҷикистон ба зудӣ рафъ шаванд.

Вай дар ин бора гуфт: “Як сире ихтилофот байни Эрону Тоҷикистон шакл гирифт, ки боис шуд равобити ду кишвар ба сардӣ бигарояд ба ақидаи ман дар ихтилоф миёни ду кишвар муболиға шакл гирифт. Мунтаҳо дар тӯли ин муддат азми мақомоти Эрон бар танишзудоӣ буд ва шахсан дар ин чанд моҳ, ки раиси комиссияи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии маҷлис шудам ду бор бо сафири Тоҷикистон дидор кардам ва таъкид кардем, ки монеъе дар масири равобити ду кишвар намебинем ва ихтилофоти ғайри қобили ҳалле дар равобити ду кишвар нест. Мо равобити хоссу алоиқи хос дорем аз сармоягузориҳои зерсохтӣ ва иқтисодӣ то мавзӯъи таърихӣ ва фарҳангӣ ба унвони ду миллати форсзабон, ин равобиту алоиқ намегузорад, ки равобити мо ингуна сард тадовум ёбад. Ҳадафи мо ҳам густариши равобит ва рафъи ихтилоф аст.”

Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш мекӯшад то равобите беҳтар бо Эрон дошта бошад. Аз сӯи дигар раиси маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон, ниҳоде, ки вобаста ба риёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст низ беҳбуди равобит бо Эронро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон карда буд.

Оқои Фалоҳатпеша дар хусуси ин ки чӣ шуд, ки се сол пеш Тоҷикистон тарҷеҳ дод то равобити худро бо Эрон коҳиш диҳад гуфт: “Дар Тоҷикистон гуфта мешуд, ки Эрон дар умури дохилии ин кишвар дахолат мекунад ва ин мавзӯъ бузургнамоӣ шуд. Дар ҳоле, ки Эрон қасди дахолат дар умури дохилии ин кишварро надошт ва надорад ва акнун ҳам давлати Тоҷикистон ба ин нукта расида ва хеле аз маворид ва мушкилоте, ки матраҳ мешуд акнун рафъ шудааст.”

Аз замони истиқлоли Тоҷикистон, ду кишвари форсизабони Эрону Тоҷикистон равобити гарме доштанд аммо се соли пеш ва пас аз даъват аз Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва аз раҳбарони оппозисиони давлати Эмомалӣ Раҳммон ба конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ дар Теҳрон, равобити ду кишвар ба сардӣ ниҳод.

Раиси коммисияи сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон ҳамчунин дар хусуси мушкилоте, ки Тоҷикистон барои пайвастан ба СҲШ эҷод мекард низ гуфт: “Эрон роҳбурди ба сифр расондани ихтилоф бо кишварҳои минтақаро дорад. Бо бархе кишварҳо низ роҳбурди рафъи танишро дунбол мекунем, аз ҷумла бархе кишварҳои арбаӣ, ки барои рафъи таниш бо онҳо мумонеъате намебинем. Аммо мавзӯъи СҲШ, чизе аст фаротар аз ин масъала ва ман фикр мекунам раванди пайвастани Эрон ба СҲШ тибқи замонбандии мушаххасшуда тавассути эрониҳо дар ҳоли пешрафтан аст.”

Эрон аз соли 2005 дар талош барои пайвастан ба СҲШ аст, созмоне, ки дар он кишварҳои бузурги шарқӣ мисли Чин, Ҳинд, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чун Узбакистон ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо ба вижа дар заминаи иқтисодӣ ба якдигар наздик шудаанд. Дар соли 2009 Димитрӣ Медведов, раиси ҷумҳурии вақти Русия талошҳои Эронро ба баҳонаи ин ки Эрон таҳти таҳримҳои иқтисодии Шӯрои амнияти СММ аст ноком гузошт, дар соли 2015 низ, ки ин таҳримҳо бардошта шуд Тоҷикистон яке аз мавонеъи аслии ҳузури Эрон дар ин паймон аст. Ҳинду Покистон ду кишвари пурҷамъияти ҷануби Осиё низ дар соли 2017 ба таври расмӣ ба узвияти ин паймон даромаданд.

Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки агар Тоҷикистон барои узвияти Эрон дар СҲШ раъйи мухолиф надиҳад, ба манзилаи поёни мушкилоти узвияти Эрон дар ин паймон аст гуфт: “Эрон иқтисоди 18-уми дунёро дорад, кишваре муассир дар таҳаввулоти Ховари Миёна ҳастем ва албатта кишваре ҳастем, ки тавони муқовимат ва пойдорӣ дар баробари таҳримҳои ноҷавонмардонаи Амрикоро доштаем ва ҳамин муқовимат дар баробари таҳримҳо як абзори қудрате аст, ки худ ҷозибаи хоссе дар баробари кишварҳои дигар додааст.”

fa.euronews.com

general.images