Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова дар иҷлосияи ояндаи Маҷлиси пойтахт, ки ба санаи 14 апрел таъин шудаа

Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова дар иҷлосияи ояндаи Маҷлиси пойтахт, ки ба санаи 14 апрел таъин шудааст, аз ваколатҳояш маҳрум мешавад.

Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова дар иҷлосияи ояндаи Маҷлиси пойтахт, ки ба санаи 14 апрел таъин шудааст, аз ваколатҳояш маҳрум мешавад.Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Латофат Назирова муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, замони дар вазифаи мазкур қарор доштан, ӯ дигар ба интихоб шудан ба ҳайси вакил дар ҳама гуна сатҳ ҳуқуқ надорад.Дар робита ба аз ваколатҳояш маҳрум шудани Л.Назирова, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳайати комиссияи интихоботӣ оид ба баргузор намудани интихобот дар ҳавзаи зикршударо таъсис медиҳад.

general.images