Вакили Бузургмеҳр Ёров: Агар Тоҷикистонро тарк намекадам дастгир мешудам

Муаззама Қодирова мегӯяд, ки маҷбур шудааст аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кунад ва далели ин ҳам, фишор дар робита бо парвандаи Ёров будааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, вакили дифое, ки то оғози моҳи январи имсол аз ҳуқуқи адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекард, баъд аз се моҳи бехабарӣ аз худ дарак дод. Муаззама Қодирова мегӯяд, ки маҷбур шудааст аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кунад ва далели ин ҳам, фишор дар робита бо парвандаи Ёров будааст.Муаззама Қодирова, вакили дифоъ аз шаҳри Хуҷанд, ки се моҳ боз берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи 29 март дар сӯҳбати телефонӣ аз Олмон сабабҳои аз ҳимояи Бузургмеҳр Ёров даст кашиданашро шарҳ дод. Вай гуфт, “таҳти фишор маҷбур шудааст” аз ҳимояи Ёров даст кашад ва тавассути шаҳри Маскав ба Аврупо парвоз кунад.Қодирова афзуд, дар пахши маълумот оид ба зерҳимояаш даст надорад, вале фишор баъди гирифтани диктофон болои ӯ зиёд шудааст. Вай гуфт, ки барояш гуфта шудааст, нисбат ба ӯ ҳам санад омода мешавад ва худи ӯ метавонад дастгир шавад. Ва “Ман ночор Тоҷикистонро тарк кардам”

general.images