Вазир: “Вазорати хориҷа нотаи эътирозӣ ба сафири Эрон насупоридааст”

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов гуфт, чанд лоиҳаи тафоҳумномаро бо Эрон дар даст доранд ва дар сурати ҳамоҳанг шудани ин созишномаҳо дар назар аст, сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон сурат гирад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов гуфт, чанд лоиҳаи тафоҳумномаро бо Эрон дар даст доранд ва дар сурати ҳамоҳанг шудани ин созишномаҳо дар назар аст, сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон сурат гирад.

Аслов зимни баёни ин мавзӯъ, дар конфронси хабарии имрӯз, гуфт, феълан Душанбе бо Эрон мушкиле надорад ва дар паи мураккаб сохтани муносибот бо ин кишвар нестем.

Ҳамчунин дар мавриди нотаи Вазорати умури хориҷа, ки ба унвони эътироз ба даъвати расмии Кабирӣ ба Теҳрон, ҷиҳати ширкати номбурда дар конфронси Ваҳдати исломӣ, ба сафорати Эрон супорида шуда буд, гуфтааст, он на нигаронӣ аз ширкати Кабирӣ дар конфронси Теҳрон, балки талош барои ҷалби таваҷҷуҳи Эрон ба ҳамкориҳои минтақавию миллӣ буд. 

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 29-декабр ба нишони эътироз аз ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи Наҳзати исломӣ дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон, ба сафири Эрон дар Тоҷикистон - Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ёддошти эътирозӣ супорида буд. 

Ҳамон гуна ки пештар ҳам мӯҳтавои ин ёддоштро пешкаши хонандагон намуда буем, лозим ба ёдоварист, дар он ёддошт, аз ҷумла гуфта мешавад: “Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии Наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”. 

Бо ин ҳол, бархе аз нозирон бо интиқод аз таноқузгӯии вазир, изҳороти эшонро намунае аз “равиши “дипломатия”-и ҳукумати имрӯзаи мо” ва адами эҳтиром ба мухотаб ва шаҳрвандон ва хориҷ аз ахлоқи сиёсӣ донистаанд.

 

general.images