Вазири фарҳанги Тоҷикистон мамнуъ будани фурӯши китобҳои ояттуллоҳ Хумайниро рад кард

Вазири фарҳанги Тоҷикистон овозаи мамнуъ будани фурӯши китобҳои ояттуллоҳ Хумайнӣ дар Тоҷикистонро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Вазири фарҳанги Тоҷикистон овозаи мамнуъ будани фурӯши китобҳои ояттуллоҳ Хумайнӣ дар Тоҷикистонро рад кард. Ба нақл аз хабаргузории Форс, Шамсиддин Орумбекзода дар нишастӣ матбуотӣ гуфт: Фурӯши китобҳои ояттуллоҳ Хумайнӣ дар Тоҷикистон мамнуъ нашуда ва озод аст .Вай бо баёни инки фурӯши китобҳои чопи Эрон аз ҷумла китобҳои ояттуллоҳ Хумайнӣ дар Тоҷикистон мамнуъ нест, гуфт: Эшон шахсиятии торихӣ ва донишманд аст ва ҳеч навъ маҳдудияте барои фурӯши осори эшон вазъ нашудааст .Овозаи мамнуъ шудани фурӯши китобҳои имом Хумайнӣ ва чопи китобҳои эронӣ замоне қувват гирифт, ки дар моҳи марти соли 2017 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо дастуре хуруҷу вуруди китоб ба кишварро бо иҷозатномаи ин вазоратхона имконпазир донист .Дар паи ин дастур, хабарҳое аз мусодираи бархе китобҳои адабӣ ба хати форсӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе мунташир шуду аз қафасаҳои китобфурӯшиҳо низ бархе аз осори адабӣ ва сиёсӣ ба хати форсӣ ва арабӣ ҷамъ шуданд .Пас аз он вазири фарҳанги Тоҷикистон эълом кард, ки дастури мамнуият фақат барои китобҳои дорои муҳтавои ифротӣ ва террористист.

general.images