Вазири тоҷик: “Россия сегодня” ба суолҳоямон ҷавоб надод

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал дар шарҳи сабти ном нашудани хабаргузории “Россия сегодня” дар Тоҷикистон, изҳор дошт, масъулини хабаргузорӣ ба бархе суолҳо посух надоданд.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал дар шарҳи сабти ном нашудани хабаргузории “Россия сегодня” дар Тоҷикистон, изҳор дошт, масъулини хабаргузорӣ ба бархе суолҳо посух надоданд. Ҷаноби Аслов гуфт, ба вазорат барои сабти номи хабаргузории “Россия сегодня” дархост ворид шуд: “Мо баъзе суолҳоро пешниҳод кардем. Мутаассифона ба бархе суолҳо то ҳол посух надодаанд”. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дақиқ нагуфт, ки ба кадом суолу шубҳаҳояш посух нагирифтааст, аммо таъкид намуд, дар мавриди сабти номи ин хабаргузорӣ ҳамкориҳо идома доранд: "Шояд рӯзҳо ё моҳҳои наздик ҳалли ин масъала маълум мешавад".Ахиран Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе сабти номи хабаргузории “Россия сегодня”-ро дар Тоҷикистон масъалаи дарднок хонд, ки бо гузашти беш аз як сол ҳал нашуд. Ӯ охири соли гузашта дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, барои суръат додани сабти номи намояндагии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон чанд маротиба ба Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кардаанд: “Аммо то ҳол посухи дақиқе нагирифтаем. Танҳо шарҳ медиҳанд, ки масъала дар ҳоли баррасӣ ҳаст. Дар ҳамин ҳол як сол гузашт”.Сафири Русия дар идома изҳор дошт, ҳанӯз умед доранд, ки ин масъала ҳал мешавад, чун ба гуфтаи ӯ "умед аз ҳама охир мемирад". Игор Лякин-Фролов мегӯяд, роҳбарияти “Россия сегодня” тасмим гирифтааст, барои инъикоси масоили Тоҷикистон сомонаро на бо домени тоҷикӣ - tj, балки бо домени sputnik.tajikistan.com фаъол кунад: “Дар Тоҷикистон чанд хабарнигоре мемонанд, ки бо "Россия сегодня" ҳамкорӣ хоҳанд кард”. Ахиран масъулини “Россия сегодня” эълон карданд, ки аз азмашон барои ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе даст кашида, бисёри хабарнигоронро аз аввали соли нав ҷавоб доданд. 

general.images