Вазири маориф бесаводии худро эълон кард ва ба ҷаҳониён сатҳи бесаводӣ ва беобрӯии Э.Раҳмон ва вазиронашро фаҳмонд

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти хабарии ахираш бо сатҳи русидонии худ ҳамаро дар ҳайрат гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон шахсе комилан беору ва беномус аст, ки вазирони интихобиаш ӯро дар ҷаҳон беобрӯ мекунанд, аммо ӯ бошад аз масхара шудан хиҷолат накашида вазирони бесаводи говчаронашро пуштибонӣ мекунад.Сабаби бадбахтӣ ва қашоқии Тоҷикистон торафт маълум шудаистодааст. Вазирону раисон ва президенти бесаводу белаёқат мамлакатро чунон камбағалу фақир гардонидааст, ки солҳост Тоҷикистон дар бадбахтӣ ва қашоқӣ тариқи созмонҳои байналмилалӣ бадтарин кишвари дунё ба ҳисоб меравад. Одами бесавод сабаби бадбахтӣ, мусибат ва мушкилоти фаровон мешавад, ки намунааш бесаводии Э. Раҳмон ва вазиронаш аст, ки 25 соли ҳукуматаш беш аз ниме аз аҳолии Тоҷикистонро ғуломи русҳо гардонд ва номи тоҷикро баробар бо ғулому дашном қарор дод.Як мисраъ шеъри маъруфе аст, ки мегӯяд, “то мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш наҳуфта бошад”. Вазири маориф бо русӣ сухан карданаш мизони бесаводии худро ба ҷаҳон фаҳмонд ва аз ин пас тоҷикон бештар аз пеш мавриди масхараи ҷаҳон қарор мегиранд. Нуриддин Саид дар нишасти хабариаш “ба таври худ” русӣ гап задааст, ки обрӯи ҳарчӣ русидон буд бурд ва аз ин пас ҳеҷ тоҷике рӯяш намешавад, ки аз шарма русӣ гап занад. Русие ки вазири маориф гап задааст дар шабакаи иҷтимоӣ мавриди масхара қарор гирифта, Эмомалӣ Раҳмонро бо доштани чунин вазирони нокораму ношояме сабукмағзу бехирад ҷилвагар намудааст.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти хабарии ахираш бо сатҳи русидонии худ ҳамаро дар ҳайрат гузошт: «С собой берет ребенку, например, когда идёт, этот самый, на миграцию, как его там… Через три месяца вернутся, а ребёнка не ходил в школу…».Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images

Вазири маориф бесаводии худро эълон кард ва ба ҷаҳониён сатҳи бесаводӣ ва беобрӯии Э.Раҳмон ва вазиронашро фаҳмонд