Бузургмеҳр Ёров аз саломатии худ дар зиндон хабар додааст

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои машҳури зиндонии тоҷик, дар як номаи кӯтоҳ ба наздиконаш гуфтааст, ки сиҳҳату саломат буда ва рӯзи 31 январи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ӯро баррасӣ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои машҳури зиндонии тоҷик, дар як номаи кӯтоҳ ба наздиконаш гуфтааст, ки сиҳҳату саломат буда ва рӯзи 31 январи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ӯро баррасӣ хоҳад кард. Ин шикоят аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбест, ки моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли ҳабс маҳкум карда буд, мебошад.Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин нома ду рӯзи пеш ва баъди расондани ғизо дарёфт шудааст. Дар оғози моҳи январ хонаводаи вакили дифоъ гуфтанд, ки аз охирҳои моҳи декабр ба ин тараф аз ҳоли Бузургмеҳр Ёров хабар надоранд. Ва ӯ низ ғизоҳои фиристодаашонро бе посух гузоштааст. Чунин бехабарӣ аз ҳоли Бузургмеҳр Ёров наздиконашро нигарон карда буд. Аз рӯи одате, ки як сол идома дошт, паёми хаттии хонавода бо рӯйхати бастаи ғизо ҳамеша бармегашт ва Бузургмеҳр Ёров дар он чанд ҷумла посух медод, ки хӯрокро дарёфт кардааст. Бо ин ҳол, маълум нест, чаро тӯли тақрибан як моҳ ӯ аз худ дарак надода буд.Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ҳоло баррасии парвандаи дигари ӯ "барои беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи ҳокимият" идома дорад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд.Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломииТоҷикистон буда, дорои ангезаҳои сиёсист.

general.images