Бузак, бузак намур, баҳор меояд- ваъдаҳои дурӯғи Рустами Эмомалӣ, дурӯғтар аз дурӯғҳои Э.Раҳмон

Бузак, бузак намур, баҳор меояд- ваъдаҳои дурӯғи Рустами Эмомалӣ, дурӯғтар аз дурӯғҳои Эмомалӣ Раҳмон

Рустами Эмомалӣ ба мардум ваъда додааст, ки дар соли 2021, 23 ҳазор ҷои корӣ эҷод кунад ва ба 23 ҳазор нафар соҳиби кор шаванд.

Рустами Эмомалӣ фарзанди ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки 28 сол ба мардум ваъдаи дурӯғ дода, ва то ба имрӯз ҳатто ба як ваъдааш ҳам амал накардааст.

Дурӯғи Рустами Эмомалӣ аз дурӯғи Эмомалӣ Раҳмон бештару дурӯғтар аст.

Ваъдаи дурӯғи навбаии Рустами Эмомалӣ ин аст, ки дар соли 2021 бистусе ҳазор ҷои корӣ ба мардум эҷод мекунад, дар ҳоле ки дар ҳамин сол 160 коргари Роғун 6 моҳ аст, ки маошашонро нагирифтаанд.

Оё дурӯғ аз ин ошкортар мешавад, иддаи каме аз мардуме ки кор доранд, аммо шаш моҳ бештар шудааст, ки маошашонро надодаед, баъд ваъдаи 23 ҳазор ҷои кор дар соли 2021 мекунед?

Агар Рустами Эмомалӣ як рудаи рост дар шикамаш медошт, ҳамин 160 нафаре ки дар Роғун кор мекунанд, маошашонро медод ва шаш моҳ бе маош намемонд. Шумо маоши ҳамин коргаронро агар диҳед, мо аз баҳри 23 ҳазор ҷои кории ваъдадоаатон дар соли 2021 гузаштем. Гарчӣ вазифаи шумо ин аст, ки некӯаҳволии халқро таъмин кунед. Ва агар наметавонед, ҷоро холӣ кунед, як метонистагӣ вазифаро гирад, мардумро ба ҷои кор таъмин кунад ва маошашонро шаш моҳ шаш моҳ нею сари вақт диҳад.

Бузак бузак намур, ки баҳор меояд! Дар соли 2020 маоши коргарони Роғунро надода, ваъдаи некуаҳволи дар соли 2021 мекунад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Даҳҳо коргари ширкати "Асри нур", ки дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" кор мекунанд, иддао доранд, ним сол боз маош нагирифтаанд. Ба иддаои коргарон, дар ширкати "Асри нур" 160 нафар фаъолият доштанд ва ба сабаби таъхир дар пардохти маош то кунун бист кас кори худро қатъ кардаанд.

Сиддиқи Акбар

general.images