Бо эътирофи созмони байналмилалӣ, Э.Раҳмон халқи тоҷикро ғуломи русҳо кардааст!

Як созмони таҳқиқотӣ иддао кардааст, ки дар Русия ҳудуди 800 ҳазор нафар дар шароити "ғуломии муосир" ба сар мебарад ва аксарияташон муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд.

Дар ин гузориш Тоҷикистон ҳам ба ҳайси кишваре ёд шудааст, ки дар он кишоварзон дар ҳолати сангин ба сар мебаранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳеҷ навъ ғуломӣ вуҷуд надорад.Русия: муҳоҷирон - ғуломони замони имрӯзДар бештари маврид кордиҳандагон шиносномаи муҳоҷиронро бо баҳонаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳо мегиранд. Баъдан аз боз гардонидани он ба муҳоҷирон сарпечӣ карда, аз меҳнатӣ арзон ва беҳуқуқии онҳо истифода мекунандДар гузориши тозаи Global Slavery Index, ки бунёди Walk Free (мақарраш дар Австралия) таҳия кардааст, омадааст, ки айни замон дар Русия на камтар аз 794 ҳазор "ғуломи муосир" ба сар мебаранд. Ин созмон мегӯяд, бо назардошти шароити зиндагиву кор ва даромади ин афродро мешавад ба унвони "ғулом" арзёбӣ кард. Ин созмон, ки мегӯяд дар масоили марбут ба кори иҷборӣ ва истифодаи нирӯи инсон дар шароити ғайриқонунӣ тамаркуз кардааст, таҳқиқи вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои мухталиф ба роҳ мондааст.Ба қавли ин созмон, мусодираи ҳуҷҷатҳо, маҳдуд кардани гаштугузор дар як маҳдудаи муайян, зӯран кор фармудани инсонро коршиносони ин созмон ҳамчун ғуломии муосир эътироф кардаанд.Ғуломии шаҳвонӣ дар ҳоли густариш астЯк навъи ғуломие, ки дар Русия солҳои охир густариш пайдо кардааст, "ғуломии шаҳвонӣ" будааст. Муаллифони ин гузориш менависанд, барои "ғуломии шаҳвонӣ", занон духтарон ва ҳатто ноболиғон аз кишварҳои Осиёи Миёна, ҷалб мешаванд.Ба тасвири бунёди Walk Free, бисёре аз бонувон бо ваъдаи ҷойи кор ба Русия мераванд ва дар аксар ҳолатҳо кордиҳандагон ба онҳо гӯё пешакӣ пули таҳияи санадаҳо ва харҷи роҳро пардохт мекунанд.Вақте даъватшаванда ба макони кор, ки маъмулан, меҳмонхонаҳо, маконҳо дилхушӣ ва ё фоҳишахонаҳо мерасанд, кордиҳандагон бо баҳонаҳои қонунӣ кардани санадҳои будубош, шиносномаҳоро мусодира мекунанд."Бо мусодираи шиноснома гардонандагони бизнеси шаҳват аз ҳолати оҷизонаи "ба дом афтодагон" истифода намуда, онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур карда, маъмулан монеи аз берун рафтани онҳо аз ҳудуди меҳмонхона ва ё фоҳишахона мешаванд, ки як навъ ғуломии муосир аст", - навиштаанд муаллифони ин гузориш.Муҳоҷирон - гурӯҳи заъфпазир дар баробари беҳуқуқӣАммо "ғуломии шаҳвонӣ” танҳо мушкиле нест, ки муҳоҷирон дар Русия гирифтори он мешаванд. Нерӯи муҳоҷирон дар соҳаи сохтмон, кишоварзӣ ва ширкатҳои тамизкорӣ чун "ғулом" истифода мешудааст.Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ки ба фарқ аз шаҳрвандони комилҳуқуқи Русия, вазъи муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла сокинони Осиёи Марказӣ дар ин кишвар ҳамоно заъфпазир аст ва бисёр корфармоён аз ин ҳолат сӯиистифода мекунанд. Фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, бо арзёбиҳои ин созмон розӣ нашудан душвор аст, чунки бисёри муҳоҷирони ташнаи кор ба хотири пайдо кардани кору даромад, шароити кори бидуни расмиёти қонуниро мепазиранд ва дар ҳолати ноозод ваё вобаста аз кордиҳанда мемонанд. Ин ки Русия дар солҳои охир муқаррароти будубош ва кори муҳоҷиронро сахттар зери назорат гирифта, аз ҷумла, доштани патенти кории ҳармоҳаро тақозо мекунад, гаронии таҳияи ин санад ва расмиёти дигар муҳоҷирони ташнаи кору даромадро дубора водор мекунад, ки ба ҳолати беҳуқуқӣ баргарданд.  Мисоли роиҷ ва ошкори ба ҳолати ғуломӣ даровардани муҳоҷирон - маҳрум кардан аз санадҳои расмӣ мебошад, мегӯяд Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. Ӯ рӯзи 23 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, назарсанҷиҳо дар миёни муҳоҷирон нишон медиҳад, ки гаштугузори озоди беш аз 10 дарсади онҳо аз сӯи корфармоёнашон маҳдуд карда мешавад.Ӯ гуфт: "Маҳдуд кардани шароити гаштугузор ҳам як навъе аз ғуломӣ аст. Дар бештари маврид кордиҳандагон шиносномаи муҳоҷиронро бо баҳонаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳо мегиранд. Баъдан аз боз гардонидани он ба муҳоҷирон сарпечӣ карда, аз меҳнатӣ арзон ва беҳуқуқии онҳо истифода мекунанд".Каримҷон Ёров аз таҷрибаи кории худ мегӯяд, бо вуҷуди он ки чандин ҳолати истифода аз меҳнати ғуломонаи муҳоҷиронро дар Русия ошкор карда, мақомотро дар ҷарён гузоштанд, аммо то ба ҳол ҳеҷ яке ғуломдоронро ба ҷавобгарӣ накашонидааст.Ҳамаи ин гузориш аз Озодӣ гирифта шудааст ва фақат унвон аз они нависанда аст.Манбаъ: ОзодӣСиддиқи Акбар, хабаргузории Востокнюз

general.images